Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.10.2012 14:36

Имрӯз  Президенти  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  Ислом  Каримов  ба Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  барқияи табрикотӣ  ирсол  намуд, ки   дар он,  аз  ҷумла,  чунин омадааст:

Мӯҳтарам Эмомалӣ  Шарифович,

Барои табрикоти самимона  ва орзӯҳои неки  Шумо  ба  муносибати  20  - солагии барқароршавии   муносибатҳои  байни  кишварҳоямон  изҳори  сипос  мекунам.

Муносибатҳои  дӯстӣ ва эҳтироми  мутақобила, ки  аз  умқи  асрҳо сарчашма  мегиранд,  умумияти таърих,  дин,  расму  анъанот,  масоили умумӣ, ки  онҳоро халқҳоямон ҳал  менамуданд, моро  дар  роҳи  сӯи  расидан  ба беҳбудӣ, ҳаёти арзандаи  мардумамон ҳамеша  муттаҳид  месохтанд. Аминам, чунин  муносибатҳо, ки  аз  имтиҳони замон  гузаштаанд,  минбаъд  ҳам  боқӣ  мемонанд.

Аз  фурсат  истифода намуда  ба  Шумо,  мӯҳтарам Эмомалӣ  Шарифович,  тансиҳатии бардавому муваффақиятҳо  ва ба  халқи  Тоҷикистон  беҳбудию  комрониро  таманно  мекунам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520