Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи мактаби хусусии Иршод, як толори варзишӣ ва майдони яхи сунъӣ дар шаҳри Хуҷанд

29.10.2012 17:05, шаҳри Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Чунонки иттилоъ дода шуд, ин мактаб аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ – падару писар Абдуалӣ ва Абдумалик Қурбоновҳо бунёд ёфта, бо 25 синфхонаи зебою муҷаҳҳаз барои 500 нафар хонандагони хушлаёқат дар 2 баст пешбинӣ шудааст.

Тавре зикр гардид, ин мактаб дар асоси хидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба афзун намудани мактабҳои хусусӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас бунёд ёфтааст.

Ба иттилои роҳбарияти мактаб омӯзгорну хонандагон тавассути озмун қабул мешаванд. Дар он 65 нафар муаллимони соҳибтаҷрибаю хушсалиқа ба кор қабул шудаанд. Маоши миёнаи омӯзгорон ба 1200 сомонӣ баробар аст.

Хонандагони мактаб, асосан бо тамоюли гуманитарӣ таҳсил намуда, бештар ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва чинӣ машғуланд.

Ошхонаи мактаб бо 200 ҷойи нишаст дорои шароити хуби таомпазӣ, санитарию гигиенӣ ва ошпазҳои соҳибтаҷриба мебошад.

Толори маҷлисии мактаб дорои 300 ҷойи нишаст ва шароити хуби зарурӣ барои гузарондани дарсҳои умумӣ ва маҳфилҳои гуногуни илмию таълимӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Сипас аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як толори бузурги варзишӣ ифтитоҳ ёфт.

Тавре аён гардид, ин толор аз ҷониби падари гӯштигири номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки 3 карат чемпиони ҷаҳон доир ба гӯштии самбо ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ мебошад, бунёд ёфта аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки мард - варзишгари собиқадор, мураббии намудҳои гуногуни гӯштӣ, аз ҷумла самбо 20 –уми декабри соли 2010 дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони варзишгарони кишвар уҳдадор шуда буд, ки аз ҳисоби худаш ва дигар дӯстони дӯстдори гӯштиаш дар шаҳри Хуҷанд як толори калони варзишӣ бунёд мекунад.

Зимини мулоқоти имрӯза бо хушндӣ зикр гардид, ки ин ваъдаи ӯ амалӣ гардид ва дӯстодорони зиёди варзиш, пеш аз ҳама гӯштигирон соҳиби чунин толори зебову муҷаҳҳаз шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони дар ин ҷо ҷамъомада суҳбати ошкору самимӣ анҷом дода, онҳоро ба машқу тамрини мудом ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз дар арсаи минтақа ва ҷаҳон ҳидоят намуд.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи маҷмааи варзишии 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин майдони яхи сунъӣ ифтитоҳ ёфт.
Мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирифтани чунин майдон, албатта боиси шодию фараҳи дӯстдорони чунин навъи варзиши зебою мавзун гардид.

Дар ин ҷо барномаи рангини рақси болои ях намоиш дода шуд.

Тавре зикр гардид, ин майдон бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ замин бунёд ёфтааст. Бару дарозии он 30х40 метр мебошад.

Бо хушнудӣ, ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди иншооти гуногуни варзишӣ ва тарбияи ҷисмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар авҷ гирифтааст. Аз ҷумла танҳо дар шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли равон дар баробари ин майдон боз 12 майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд ёфтааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин раванд, дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон ба муҳайёсозии шароити боз ҳам бештару беҳтар барои тарбияи варзишгарони наврасу ҷавони кишвар ба масъулини ҷумҳуриявӣ ва вилоятию маҳаллӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520