Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи ду коргоҳи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Хуҷанд

29.10.2012 15:15, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз боздиди кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

Дар яке аз маҷмааҳои истеҳсолии минтақаи саноатии қисмати шарқии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдухалил Раҳимов бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва бо ин шумораи коргоҳҳои он ба 8 адад расид. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар коргоҳҳои гуногуни ин маҷмаа беш аз 200 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд.

Нахуст бо буридани лентаи рамзӣ коргоҳи дуюми дӯзандагии ин маҷмааи саноатӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 100 нафар занону духтарон ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд. Дар ин коргоҳ, асосан либосҳои мактабӣ ва ҳамчунин шимҳои ҷинсӣ барои кӯдакон ва занону мардон дӯхта мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба намудҳои гуногуни либоси мактабӣ, ки дар даромадгоҳи коргоҳ ба намоиш гузошта шуда буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бори дигар таъкид дошт, ки дӯхти тамоми либоси мактабӣ бояд дар корхонаҳои ватанӣ ба роҳ монда шавад.

Тамоми либосвории ин корхона аз матоъҳо ва риштаҳои сирф пахтагини истеҳсоли корхонаҳои ресандагию бофандагии ватанӣ дӯхта мешаванд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар ин корхона истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии пахтагин, ки аз ҷумлаи талаботи доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулони соҳаи саноати кишвар аст, аз аввал то охир пурра ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз коргоҳи қаблии дӯзандагии ин маҷмаа, ки барои дӯхти кимано ва дигар анвои либоси варзишӣ махсус кунонда шудааст, дидан карда, ба кори онҳо баҳои баланд дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳарду коргоҳи дӯзандагии ин маҷмаа дар як сол беш аз 80 ҳазор маҷмӯъ либосҳои ҷинс, варзишӣ ва мактабӣ истеҳсол мешавад.

Маҳсулоти либосвории ин корхона ба талаботи ҷаҳонии сифат ҷавобгӯ буда, беш аз 90%-аш ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои Аврупо содирот мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти талаботи зиёд ба либосвории пахтагин дар дохил ва хориҷи кишвар, ба роҳбарияти корхона маслиҳат дод, ки боз як коргоҳи дигари дӯзандагӣ бо 100 ҷойи корӣ бунёд намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявӣ дастур дод, ки мағозаҳои фирмавии ин корхона дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони кишвар кушода шаванд. Ба роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва федератсияҳои варзишӣ дастур дода шуд, ки либосвории варзишгаронро аз ин ва дигар корхонаҳои ватанӣ харидорӣ намоянд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори коргоҳҳои бофандагӣ шинос шуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки матоъҳои пахтагин барои ҳарду коргоҳ дар ҳамин ҷо ва аз риштаи корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла корхонаҳои Неку Хуҷанд, Олим-текстайлз ва Спитамен текстайлз бофта мешавад.

Зимни боздид аз коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои картонӣ зикр гардид, ки дар ин ҷо дар як сол беш аз 120 ҳазор дона чунин маҳсулот бо тарҳу намо ва андозаи гуногун барои басту банди меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ тавлид меёбад. Ин қуттиҳо ҳам аз ашёи хоми табиӣ бе истифода аз моддаҳои кимиёӣ истеҳсол мешавад.

Дар як коргоҳи корхона истеҳсоли пенопласт ва зарфҳои калони пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Зикр гардид, ки ин навъҳои маҳсулот то ин вақт пурра аз хориҷи кишвар ворид мешуд.

Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин маҷмааи саноатӣ як коргоҳи истеҳсоли қоғаз расман ба кор дароварда шуд. Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки ин нахустин корхонаи истеҳсоли қогаз дар Тоҷикистон мебошад.

Тавре зикр гардид, дар ин коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 50 тонна қоғаз тавлид мешавад. Мавриди зикри хос аст, ки дар ин ҷо истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда шудааст, зеро қоғази ин корхона аз қоғазпораҳо ва картонҳои партов истеҳсол мегардад. Партовҳои истеҳсолии худи коргоҳ низ гаштаю баргашта аз нав коркард мешавад.

Роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар зарфи як соли оянда боз як коргоҳи дигари ба ин монанд бунёд намуда, истеҳсоли маҳсулоти қоғазини рӯзгор, аз ҷумла дастпокҳои гигиениро ба роҳ мемонанд.

Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона тасмим гирифт, ки аз якуми ноябри соли равон маоши коргаронро 20% афзун намояд. Иттилоъ дода шуд, ки маоши онҳо 20%-и дигар моҳи ноябри соли оянда зиёд карда мешавад.

Бо хушнудӣ зикр гардид, ки солҳои охир бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда дар ҷумҳурӣ ва хусусан дар вилояти Суғд, авҷ гирифтааст. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки танҳо дар шаҳри Хуҷанд дар зарфи 9 моҳи соли равон 30 корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд ёфтааст. Ин аст, ки имрӯз 47%-и истеҳсолоти саноатии шаҳри Хуҷанд ба бахши хусусӣ рост меояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ин тамоюли судманд бояд аз ҷониби масъулини давлатӣ ҳамаҷониба мавриди дастгирӣ ва тарғибу ташвиқ қарор дошта бошад, то ки соҳибкорони ватанӣ ба рушди соҳаи саноати кишвар бештар ҳавасманд гарданд.

Соҳибкорони маҳаллие, ки ин коргоҳҳои истеҳсолиро бунёд намудаанд, дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои 4 ҷуфти навхонадорон ва 31 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд тӯйи арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъӣ оростанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ин амали саховатмандонаи онҳо изҳори хушнудӣ карда, ба ҷавонони навхонадор ва волидону наздикони писарчаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Онҳоро, ҳамчунин бо ин рӯйдоди пурфараҳ табрику таҳният гуфта, аҳли толор ва кулли мардуми кишварро бори дигар ба танзими дурусти расму оини мардумӣ ва худдорӣ аз зиёдаравию исрофкорӣ ҳидоят намуд.

Зимни боздид аз коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои картонӣ зикр гардид, ки дар ин ҷо дар як сол беш аз 120 ҳазор дона чунин маҳсулот бо тарҳу намо ва андозаи гуногун барои басту банди меваю сабзавот ва дигар анвои хӯрокворӣ тавлид меёбад. Ин қуттиҳо ҳам аз ашёи хоми табиӣ бе истифода аз моддаҳои кимиёӣ истеҳсол мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520