Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварда, нахуст бо кори аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии Иқболи ҷамоати деҳоти Чорбоғ шинос шуд.
Чунонки аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ дар кори чорводорӣ, бахусус парвариши гӯсфанди зоти ҳисорӣ таҷрибаи хуб касб намудаанд. Вазни зиндаи гӯсфандони ин хоҷагӣ то ба 140 кг мерасад.
Хоҷагӣ 21,5 га замини корам дар ихтиёр дорад, ки аз он 5,8 гектараш обӣ мебошад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариши картошка, пиёз, сабзӣ, дигар навъҳои сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ва ҳам ғаллакорӣ таҷрибаи ибратбахш доранд.
Деҳқонони заркори ин хоҷагӣ кишти такрории зироатҳоро васеъ ба роҳ монда, аз заминҳои обӣ ду ва зиёда ҳосили фаровон ба даст меоранд.