Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.02.2011 00:00, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ду сохтор – Вазорати нақлиёт ва Хадамоти алоқа таъсис дода шуд.

Олимҷон Бобоев аз вазифаи Вазири нақлиёт ва коммуникатсия озод карда шуда, Директори институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳо таъин гардид.

Низом Ҳакимов Вазири нақлиёт ва Бег Зуҳуров Сардори Хадамоти алоқа таъин карда шуданд.

Акбар Ятимов иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Варзоб таъин шуд.

Ҳамчунин таъин гардиданд:

- Ҳамидуллохон Фақиров – Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо;

- Анвар Бобоев – Муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират;

- Саидғуфрон Абдулло – Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират;

- Раҷаб Саодатов – Муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус;

- Иброим Раҷабов – Муовини якуми директор – Сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерўгоҳи барқии обии Роғун;

- Саид Бороншоев – муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»;

- Ҷамшед Шерматов – Директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Зебонисо Давлатова - Директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Юнус Мамадҷонов – Директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳо;

- Ҳикмат Ҳисориев - Директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳо;

- Абдулвоҳид Шамолов - Директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳо;

- Одил Сангов – Мудири шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Фирўз Ҳикматов - Мудири шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хайрулло Ибодзода - Мудири шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Даврон Зоҳидов - Мудири шуъбаи иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раҳмон Умаров – Котиби Комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ;

- Азамшо Шарипов – Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ;

- Шодмон Шокиров – Муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ба вазифаи Муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таъин карда шудани Исмоил Орифшоев ва ба мақоми Муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардидани Ситора Шерова розигӣ дод.

Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи Директори филиали Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолият ва нақшаҳои минбаъда шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор ҷиҳати пуштибонӣ аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо ва истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ҳисоботи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рўйи гурўҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагон дар ҳолати то 1 январи соли 2011 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат» ва ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои дигар доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра қонунҳои амалкунанда маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонун «Дар бораи энергетика» ва ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015, Барномаи маҷмўии мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015, қоидаҳои пешбурди кадастри давлатии манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва қоидаҳои таъин ва пардохти кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорони инфиродӣ тасдиқ карда шуд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор шаҳру ноҳияҳо барои ба аҳолии ниёзманд баҳри сохтмони манзили истиқоматӣ додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ба ноҳияи Шўрообод 68,11 га барои 370 оилаи аз офати табиӣ зарардида, шаҳри Турсунзода 523,49 га барои 4443 оила ва ба ҷамоати деҳоти қистакўзи ноҳияи Бобоҷон ғафуров 6 га замин барои сохтмони варзишгоҳ ҷудо гардид.

Дар охири маҷлис Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ ёдовар шуда, барои коҳиш додани таъсири манфии ин ҳолат ба Тоҷикистон ба масъулини дахлдор барои истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, васеъ ба роҳ мондани кишти баҳорию такрорӣ, рўёндани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ, хусусан ғалладона ва сабзавот ва ба ин восита таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолии дохилӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки ҳар як оила бояд барои ду сол захираи маводи хўрока дошта бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520