Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд

27.10.2012 13:57, шаҳри Панҷакент

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, зербиноӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд сафар кард.

Боздиди кории Сарвари давлат аз вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент оғоз ёфт. Дар ин ҷо бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғози расмӣ бахшида шуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки масофаи шоҳроҳ 114 км буда, дар доираи ин тадбир ҳамчунин қариб 60 км роҳҳои маҳаллии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент аз нав сохта мешавад ва дар маҷмӯъ масофа ба зиёда аз 170 км мерасад.

Зикр гардид, ки барои навсозии роҳи мазкур 650 миллион сомонӣ, яъне қариб яксаду чил миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардида, корҳо бояд дар муҳлати ду-се сол ба анҷом расонда шаванд.

Тибқи нақша паҳнои қисмати асосии роҳи нав аз 12 то 15 метр ва дар дохили шаҳри Панҷакент 20 метрро ташкил медиҳад. Роҳи дохили шаҳр чорхата ё чорқатора шуда, дар чанд ҷой гузаргоҳҳои зеризаминӣ ҳам бунёд меёбанд.

Ин лоиҳа ҳамчунин сохтмону навсозии 31 адад пулро бо масофаи қариб 900 метр ва чароғон намудани 41 километр роҳҳои маҳалҳои аҳолинишин ва хариди техникаву таҷҳизоти нигаҳдории роҳро ба маблағи 12 миллион сомонӣ дар назар дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми татбиқи ин лоиҳа то 500 нафар сокинони маҳаллӣ давоми 2-3 соли оянда бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми водии Зарафшон ва кулли кишварро бо ин тадбири фараҳбахш табрику таҳният гуфта, ба Бонки осиёии рушд, ки барои навсозии ин роҳ ба тариқи грант 100 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст, арзи сипос кард.

Ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои масъул дастур дода шуд, ки анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳоро дар татбиқи ин лоиҳа таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Бо назардошти ҳузури роҳбарият ва фаъолони шаҳри Панҷакент дар ин чорабинӣ ба кишоварзони он супориш дода шуд, ки ояндаи наздик истеҳсоли картошкаро то ба 100 ҳазор тонна расонанд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба рушди саноат, истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони табиӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва ривоҷ додани туризми экологӣ ва фарҳангӣ дода шуд.

Дар ин маросими тантанавӣ, ҳамчунин Муовини президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жао иштирок ва суханронӣ намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки ин қитъаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар сатҳи байналмилалӣ навсозӣ шуда, ба густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол мекунад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520