Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд Абдулваҳҳоб ал-Бадр

16.10.2012 21:03, Кувайт

Дар ҳошияи Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» дар шаҳри Кувайт-пойтахти Давлати Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд Абдулваҳҳоб ал-Бадр мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи кувайтӣ баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 11 соли ҳамкорӣ бо сармоягузории ин хазина, ки асосан аз тариқи Бонки исломии рушд, Бонки осиёии рушд ва дигар муассисаҳои молиявӣ сурат мегирад, дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди инфрасохторӣ амалӣ гардидаанд.

Зимни суҳбати созанда ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд миёни Тоҷикистон ва Хазинаи Кувайт оид ба рушд робитаҳои мустақим низ ба роҳ монда шаванд.

Ба гуфти Абдулваҳҳоб ал-Бадр, Хазинаи Кувайт оид ба рушд омода аст, ки лоиҳаҳои инфрасохтории аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшавандаро мустақиман сармоягузорӣ кунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Ҳамоиши сарони давлатҳои «Муколамаи ҳамкории Осиё» Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ қарор кардааст, ки барои дастгирии рушди кишварҳои рӯ ба рушди Осиё 2 миллиард доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мекунад.

Ба иттилои Абдулваҳҳоб ал-Бадр, Тоҷикистон ҳам метавонад аз ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории худ баҳрабардорӣ кунад.
Мудири кулли Хазинаи Кувайт оид ба рушд даъвати Эмомалӣ Раҳмонро доир ба ташриф ба Тоҷикистон хуш пазируфта, таъкид дошт, ки дар ояндаи наздик ҳатман сафар карда, ба робитаҳои мустақими дуҷониба оғоз мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520