Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи телефонии раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод

13.10.2012 17:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод доир ба рафти омодагӣ ба зимистон телефонӣ ҳисобот доданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва мевагиҳо зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки барои ҷамъоварии пурра ва захира кардани ҳосили фаровони заҳмати боғдорону картошкапарварон чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.

Раисони ноҳияҳои Тавилдара, Рашт ва Нуробод ҳамчунин вазифадор гардиданд, ки доир ба барқарорсозии саривақтии оқибатҳои заминларзаи шадид, ки дар ин ноҳияҳо 13-уми майи соли равон рух дода, ба хонаҳои аҳолии чанде аз деҳоти дурдаст хисороти зиёд ворид карда буд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти масъули ҷумҳуриявӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд. Таъкид гардид, ки аҳолии бар асари ин заминларза бехонамонда бояд то оғози мавсими сардӣ бо сарпаноҳ таъмин карда шаванд.

Ба раиси ноҳияи Файзобод, иловатан доир ба рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо тухм ва гӯшти паранда дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Раисони ноҳияҳои номбурда – Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод ва Файзобод ҳамчунин вазифадор шуданд, ки рафти иҷрои супоришҳои Сарвари давлатро, ки зимни сафарҳои корӣ ба ин ноҳияҳо дода шудаанд, таҳти назорати бевосита қарор дода, пайваста чораҳои муассир амалӣ намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520