Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон

05.10.2012 17:30, шаҳри Душанбе

Барномаи боздиди расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон бо мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар Қасри Миллат оғоз ёфт.

Меҳмони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифта, барои иштирок дар маросими истиқболи расмӣ ба минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Ба ин муносибат дар майдони назди Қасри Миллат ҷузъутомҳои Гордии фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Душанбе ҳозир буданд.

Ба ифтихори ташрифи расмии Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудҳои миллии ду давлат садо дод. Маросими расмии истиқбол бо гузашти сарони ду давлат аз назди Гордии фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, салом ба афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфта, бо расми гузашти низомии ҷузъутомҳои Гордии фахрӣ ба поён расид.

Масоили вобаста ба муносиботи ҳамшарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Русия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ба рушди муносиботи гуногунҷанба бо Русия самимона манфиатдор аст ва барои ин пайваста ҷаҳд менамояд”.

Владимир Путин дар навбати худ ба фаъолияти ҳайатҳои кории ду ҷониб дар омода кардани санадҳои нави ҳамкорӣ баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки ин сафар ба густариши минбаъдаи робитаҳои судманди ду кишвари дӯст такони ҷиддӣ мебахшад.

Баррасии муфассали масоили ҳамкорӣ дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Мунтазам сурат гирифтани робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ ва ҳамчунин ҳамсон ва ё наздик ба ҳам будани нигоҳи ду кишвар ба аксари кулли масоили дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонӣ омили муҳими рушди бонизоми муносиботи судманди стратегӣ арзёбӣ гардид.

Робитаҳои сиёсӣ, амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбию техникии ду кишвар, аз ҷумла дар робита бо авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, аз бахшҳои муҳимтарини муносиботи ду кишвар номида шуд.

Таваҷҷуҳи махсус ба бахши иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории муносиботи ду кишвар зоҳир карда шуд. Бо хушнудӣ зикр гардид, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳидаи Русия беш аз 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст ва дар соли 2011 64 воҳиди ҳудудии ин давлат бо кишвари мо амалиётҳои тиҷоратӣ анҷом додаанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастрасӣ надоштани Тоҷикистон ба манбаъҳои табиии нафту газ ва норасоии шадиди нерӯи барқ дар фасли зимистон, рушди бахши гидроэнергетикаро аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи кишвари мо арзёбӣ кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкорӣ бо Русия дар ин самти сердаромади ҳамкорӣ рушд меёбад. Аз ҷумла зарурати мушаххас намудани тавофуқоти қаблӣ доир ба бунёди 3 нерӯгоҳи нави обии барқӣ дар болои рӯдҳои дохилии Тоҷикистон таъкид гардид.

Масоили вобаста ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия низ аз мавзӯҳои муҳими гуфтушунид буд. Дароз намудани муҳлати аз қайд гузаштани муҳоҷирон баъди воридшавӣ ба ҳудуди Русия ва муҳлати иҷозатномаҳо барои кор муҳим номида шуд. Изҳори умед карда шуд, ки барои пешгирӣ аз рушди миллатгароӣ ва бадбинии нажодӣ ва ҳамчунин ташаккули фазои дилхоҳи мусоид атрофи муҳоҷирони корӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин таъкид дошт, ки ба муҳокимаи дурударози содироти бебоҷи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон бояд ҳарчи зудтар хотима гузошта шавад.

Зимни баррасии масоили бахши гуманитарӣ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо Русия дар соҳаҳои маориф, илму техника ва фарҳанг мебошад». Аз фаъолияти босамари Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов ва Донишкаи пӯлод ва хӯлаи Маскав ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиали Донишкадаи энергетикии Маскав изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди тавачҷҷуҳ сурат гирифт.

Баъди анҷоми музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат 6 санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ.

- Созишнома миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералӣ оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари Федератсияи Русия оид ба расонидани кӯмак ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;

- Ёддошти тафоҳум оид ба иқдомҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират.

Ҳамчунин изҳороти Муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Зимни нишасти матбуотӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки санадҳои нави имзошуда ва тавофуқоти зиёди ҳосилгардида ба рушди минбаъдаи ҳамшарикии стратегии ду давлати дӯст, таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад.

Тавре Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, «тибқи тавофуқоти ҳосилшуда минбаъд ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия бояд ҳамвазн бо ҳамшарикии ҳарбӣ-сиёсии ду кишвар бошад.

Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба зарурати ҳалли масоили обию энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Тоҷикистон, тибқи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳақ дорад захираҳои табиӣ, аз ҷумла гидроэнергетикии худро ба нафъи мардуми хеш истифода барад». Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки «Тоҷикистон ҳамеша аз мавқеи риояи тавозуни оқилонаи манфиатҳои миллӣ ва минтақавӣ амал карда, соҳаи гидроэнергетикаро танҳо аз нигоҳи талаботи дохилии худ рушд намедиҳад».

Бо таваҷҷуҳ ба имзо шудани Созишнома доир ба шартҳо ва муҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки бар ивази он Русия Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро навсозӣ намуда, омодасозии кадрҳои низомии тоҷикро дар ҳудуди худ идома мебахшад ва ба тақвияти қудрати дифоии давлати мо мусоидат менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520