Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук

03.10.2012 16:20

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Боиси хушнудист, ки Шумо ва мардуми дӯсти Германияро ба муносибати солгарди фархундаи ҷашни миллии кишвар сидқан табрику таҳният гӯям.

Тайи солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар хислати муназзам ва васеъ касб кард, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мост.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши беш аз пеш хоҳанд ёфт. Ҷониби Тоҷикистон барои таҳкими ҳар чӣ бештари ин муносибатҳо, ки дар айни замон омили муҳими таъмини сулҳу субот ва ҳамкории созанда дар минтақа мебошанд, саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Ба ҷаноби Президент сиҳатии комилу муваффақият ва ба мардуми кишвари дӯсти Германия шукуфоиву саодат хоҳонам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520