Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.09.2012 19:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар оғози маҷлис нахуст ҳисоботи Вазири кишоварзӣ оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010-2014» шунида шуд.

Тавре зикр гардид, дар солҳои 2010-2012 дар майдони зиёда аз 36600 га боғу токзори нав бунёд ёфтааст, ки 5040 га аз нақшаи иҷрои фармони мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд буда, 115,8% онро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди барзиёд иҷро шудани нишондодҳои умумии фармон, ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо нақшаи бунёди боғу токзори нав ва навсозии боғу токзори кӯҳна дар се соли аввали муҳлат пурра иҷро нашудааст.

Аз ин хотир дастур дода шуд, ки дар муҳлати боқимондаи соли 2012 ва солҳои 2013 ва 2014 иҷрои пурраву барзиёд ва босифати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010-2014» таъмин карда шавад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба боғутокпарварон ва соҳибкороне, ки ба бунёди корхонаҳои коркарди саноатии меваю сабзавот машғуланд, дастгирии давлатӣ, аз ҷумла ҳаҷми қарзҳои хурди бонкӣ, зиёд карда шавад.

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои солҳои 2009-2014 ҳисобот дод.

Зимни ҳисоботдиҳӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки барои тақвият додани таъминоти моддию техникии мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар солҳои 2011 ва 2012 15 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои инвеститсионии хориҷӣ ҷудо карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бо назардошти шароити вазнини кӯҳистони Тоҷикистон ва зиёд рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ таъминоти техникӣ ва кадрии ин мақомот бояд хеле беҳтар карда шавад.

Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ», «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳо» пешниҳод карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро бори дигар ба масоили омодагӣ ба зимистон ҷалб намуда, доир ба захира намудани озуқаворию маводи сухт, аз ҷумла ангишту гази моеъ ва омода кардани тамоми бахшҳои хоҷагии халқи кишвар ба мавсими сардмоҳ супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520