Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони диаспора ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Москва

21.02.2008 22:00, Русия

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Барои ман боиси ифтихор ва сарфарозист, ки қабл аз ҳама ба шумо - ҳамватанони азиз ва тамоми тоҷикистониёни муқими Россия салому паём ва дурудҳои гарми мардуми Тоҷикистони азизро бирасонам ва барои ҳар яки шумо рӯзгори хушу барори кор орзу намоям.

Чунон ки иттилоъ доред, чанде қабл, яъне 5 ноябри соли 2007 дар шаҳри Москва Анҷумани аввалини созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон баргузор гардид, ки дар он «Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия» таъсис ёфт. Ман ҳамаи шуморо бо ин рӯйдоди нек, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҳамаи тоҷикистониёни муқими Россия ва муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, дифоъ намудан аз ҳуқуқҳояшон, огоҳӣ доштан аз мушкилоти ҳаррӯза ва расонидани кӯмаки саривақтӣ ба онҳо мебошад, табрик мегӯям ва ба ташкилкунандагони анҷумани мазкур изҳори сипос менамоям.

Умед дорам, ки таъсиси «Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия» ҳамчун як рукни нави ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти хешро дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия амалӣ сохта, ба хотири дифоъ аз манфиатҳои ҳуқуқию иҷтимоии ҳамаи тоҷикистониёни муқими Россия ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таври самаранок кӯшиш хоҳад кард. Равобити хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати «дарҳои кушод» пиёда намудани иқдомоти мушаххасро пешбинӣ намуда, рушду густариши чунин рабитаҳоро бо тамоми кишварҳои ба Тоҷикистон назари некдошта кори хайр меҳисобад, ҷиҳати такмилу тавсеаи алоқаву пайвандҳо бо ин кишварҳо аз ҳамаи мо саъю талоши ҳамарӯзиро тақозо дорад.

Дар ин раванд ба ҳама маълум аст, ки робитаҳои мо бо шарики стратегиамон – Федератсияи Россия, ки дарбаргирандаи ҷанбаъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомӣ мебошанд, дар маркази таваҷҷӯҳи хосаи мо қарор доранд. Зимни ин масоил табиист, ки бурду бохтҳои раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, шароити зисту зиндагонӣ ва кору фаъолияти ҳамватанони мо дар ин кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шумо аз муҳимтарин масъалаҳои рӯзномаи кори мост.

Муҳоҷират раванди ногузир ва табиии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, солҳои охир ба нишондодҳои баланд расидааст.

Масалан, агар ба рақамҳо таваҷҷӯҳ кунем, мебинем, ки дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико зиёда аз 35 миллион муҳоҷирони меҳнатӣ ба кор машғул буда, бештар аз 35 миллион шаҳрвандони Хитой, қариб 20 миллион шаҳрвандони Ҳиндустон ва беш аз 28 миллион шаҳрвандони Мексика дар кишварҳои хориҷӣ кору фаъолият доранд.

Чунин рақамҳоро доир ба як қатор кишварҳои дигар низ метавон номбар кард. Аз рӯи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ муҳоҷирон дар соли 2004 – 150 миллиард доллар ва дар соли 2006 зиёда аз 300 миллиард доллар ба кишварҳои худ интиқол додаанд.

Сабаби умумии ин равандҳо ҷаҳонишавии иқтисодиёт дар миқёси олам мебошад. Раванди муҳоҷирати меҳнатӣ одатан ба он мамлакатҳое нигаронида шудааст, ки дар онҳо музди меҳнат нисбатан баланд аст.

Дар маҷмӯъ, муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба давлатҳои қабулкунанда ва ҳам ба давлатҳои содиркунанда фоида меорад, албатта ба шарте, ки он муназзам ва мураттаб сурат гирад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ бо сабабҳои ба ҳама маълум барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти бузург касб намуда, имрӯз ба омили муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ табдил ёфтааст.

Ҳамагон огоҳанд, ки дар Тоҷикистон захираҳои меҳнатӣ барзиёд буда, афзоиши аҳолӣ дар давоми солҳои 2000-ум то 2007-ум 1 миллиону 90 ҳазор нафарро ташкил кард. Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин масъала ҷойи намоёнро ишғол менамояд.
Чунончи, дар муддати солҳои 2000-2007 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши аҳолии қобили меҳнат то ба 22 фоиз расид, ки он ҳоло 4 миллион нафарро ташкил мекунад.

Айни замон мутобиқи пешгӯии мутахассисон барои ҳалли проблемаи бекорӣ дар Тоҷикистон як миллион ҷойи кории нав таъсис додан зарур аст, ҳарчанд бо саъю талошҳои Ҳукумати мамлакат дар 10 соли охир 822 ҳазор ҷои нави корӣ ташкил карда шудааст.

Тавре ки дар боло зикр шуд, мутобиқи омори ҷаҳонӣ дар дунё зиёда аз 200 миллион нафар муҳоҷирон кору зиндагӣ доранд, ки онҳо одатан аз кишварҳои дорои қувваи кории зиёд ба мамлакатҳои ниёзманди қувваи корӣ ва давлатҳои рушди иқтисодиашон баланд сафар менамоянд.

Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 20 миллион нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Айни замон дар ҳудуди 89 субъекти Федератсияи Россия ба таври мавсимӣ зиёда аз 500 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолияти корӣ доранд.

Мувофиқи таҳлилҳо 26,4 фоизи муҳоҷирони меҳнатиро ҷавонони аз синни 18 то 29 - сола ва 33,4 фоизро шаҳрвандони аз синни 30 то 39 - сола ташкил мекунанд. Бояд қайд намуд, ки 53,3 фоизи муҳоҷирони меҳнатӣ маълумоти миёна ва миёнаи нопурра доранд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқҳои иҷтимоии муҳоҷирон корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад.

Дар ин ҷода моҳи октябри соли 2004 бо Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байниҳукуматиро ба имзо расондем, то ин ки раванди муҳоҷирати меҳнатиро ба низом дарорем.

Ҷиҳати амалӣ гардонидани Созишномаи мазкур аз ҷониби тарафҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки аллакай дар шаҳрҳои Москва ва Душанбе якчанд мулоқотҳои корӣ анҷом додааст.

Мувофиқи яке аз протоколҳои ин гурӯҳи корӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия эътироф намудани сертификати тиббии аз ҷониби мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда аз 1 феврали соли 2008 оғоз гардид. Ҳамзамон барои амалӣ намудани ин ҳадаф дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои кишвар марказҳои махсуси тиббӣ ташкил карда шуданд, ки онҳо низ аз 1 феврали соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ чандин қонун, фармонҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумат, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират», «Консепсияи сиёсати муҳоҷирати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа» ва «Барномаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2006-2010" ба имзо расидаанд, ки ҳоло мавриди иҷро қарор доранд.

Бояд зикр кард, ки моҳи октябри соли гузашта дар вохӯрии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ҷониби Тоҷикистон лоиҳаи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатиро пешниҳод намуд, ки он ҳоло дар баррасии ҳамаи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дорад.

Қисми зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Федератсияи Россия аз фаъолияти корӣ бархурдоранд. Шумо бохабар ҳастед, ки мақомоти дахлдори ин кишвар ҳалли мавзӯи танзими муҳоҷирати меҳнатии хориҷиёнро аз ҷумла дар ҷорӣ намудани квота мебинанд.

Дар ин робита ва бо мақсади ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик зиёдтар ҷудо намудани квота аз Ҳукумати Федератсияи Россия расман дархост кардем, ки дар соли 2008 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор квота, аз ҷумла 50 ҳазор дар шаҳри Сочи барои сохтмони иншооти олимпӣ ҷудо карда шавад. Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Москва моҳи сентябри соли 2007 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Москваи Федератсияи Россия «Барнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи меҳнатӣ» ба имзо расонида шуда, моҳи декабри соли 2007 ҷиҳати татбиқи он ҷаласаи якҷояи намояндагони Ҳукумати мо ва Ҳукумати шаҳри Москва баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа масъалаҳои ҷудо кардани квота барои шаҳрвандони мо дар шаҳри Москва дар соли 2008, баланд бардоштани малакаи касбии муҳоҷирон бо дастгирии корфармоёни шаҳри Москва ва дигар масъалаҳои муҳиму ҳалталаби муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бо ташаббуси мо 15-17 сентябри соли 2007 дар шаҳрҳои Москва ва Оренбург Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия» баргузор гардид.

Дар ҷараёни ин форум меморандумҳои байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои Иваново, Краснодар ва Олтои Федератсияи Россия имзо гардиданд, ки дар онҳо ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ диққати махсус дода шудааст.

Илова бар ин, хотирнишон месозам, ки лоиҳаи чунин созишномаҳо оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ байни вилоятҳои Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаҳои Астрахан, Свердловск, Ленинград ва Пензаи Россия таҳия гардидаанд.

Барои таҳкими ҳамкории байнидавлатии Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мо якчанд лоиҳаи ҳуҷҷатҳои муҳимро дар ин самт, аз ҷумла лоиҳаи созишномаҳо «Дар бораи ташкили биржаи муҳоҷирати меҳнатии «Россия-Тоҷикистон», «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ», созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Тотористони Федератсияи Россия «Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ»-ро таҳия намудем, ки айни замон ба мувофиқаи ҷониби Россия пешниҳод шудаанд.

Инчунин барои тамдид намудани мӯҳлати будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия то бақайдгирии онҳо ба муддати зиёда аз 90 рӯз (ба ҷойи 3 рӯз) лоиҳаи протокол «Оид ба дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия «Дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 октябри соли 2004 таҳия шуда, ҳоло дар баррасии ҷониби Россия қарор дорад.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло ҳамаи мамлакатҳои қабулкунандаи қувваи корӣ, аз ҷумла кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муҳоҷирони меҳнатии ихтисосманд ниёз доранд.

Ба ин хотир ва бо мақсади муташаккилона бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ба вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф дастур дода шуд, ки дар омӯзишгоҳҳои касбию техникии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани савияи касбӣ, дониши ҳуқуқӣ, сатҳи омӯзиши забони русӣ ва одоби муошират курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат таъсис диҳанд, ки онҳо аллакай ба фаъолият шурӯъ намудаанд.
Лекин бояд гуфт, ки ҳавасмандии худи муҳоҷирон ба касбомузӣ ва омӯзиши забони русӣ бо ташаббуси худи онҳо, мутаассифона, кам ба назар мерасад.

Ҳоло баъди омӯзиши касбҳои муайян ва гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор садҳо нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар асоси шартномаҳои дутарафа ба таври муташаккилона ба шаҳру вилояти Москва, вилоятҳои Калининград, Самара, Свердловск ва Вологдаи Федератсияи Россия фиристода шуда, шароити корӣ ва ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо таъмин мебошад.

Корро дар ин самт давом бояд дод, чунки ҳанӯз аксарияти муҳоҷирони меҳнатии мо бо одати пешина, таваккалӣ ва бидуни ба қайд гирифтан дар хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Россия сафар мекунанд ва аз надонистани қоидаҳои будубош дар ин мамлакат оқибат ба душвориҳои гуногун дучор мегарданд.

Оид ба интиқоли маблағҳоятон ба Тоҷикистон, фикр мекунам, ки бояд мушкилӣ набошад, чунки ҳамаи бонкҳои мо дар Федератсияи Россия намояндагиҳои худро ташкил карда, маблағҳоро сари вақт ва бо фоизҳои кам интиқол медиҳанд.

Масъалаи муттаҳидии созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар қаламрави Федератсияи Россия беҳбудӣ мехоҳад: аз ахбороти фаврӣ, маводи рӯзномаҳо ва Интернет маълум мегардад, ки то ҳол байни онҳо ҳамдигарфаҳмии комил дида намешавад.

Инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон дар ин кишвар боз ҳам аз рӯи аломати мансубият ба минтақаву маҳалҳои Тоҷикистон ташкил шудаанд ва аксаран байни худ рақобати носолим доранд.

Бинобар ин, ман 4 октябри соли 2007 «Нақшаи чорабиниҳоро оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ кардам, ки мақсад аз он густариши ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон, кормандону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор бо шумо ҷиҳати дуруст муаррифӣ намудани арзишҳои тамаддуни миллии мо дар Федератсияи Россия мебошад. Тавре ки зикр кардам, бо мақсади созмон додани ҳаракати умумироссиягии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, Анҷумани нахустини ташкилотҳои муҳоҷирон, созмонҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони диаспораи тоҷик баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 300 нафар вакилон аз 32 минтақаи Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Ин албатта падидаи хуб аст ва аз оғози муттаҳидшавии тоҷикистониёни муқими Россия муждаи нек медиҳад. Итминон дорам, ки Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия барои сарҷамъ намудани созмонҳои муҳоҷирони тоҷик, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, намояндагони диаспораи мо ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия саҳми шоиста хоҳад гирифт.

Дар оянда масъалаи кушодани «Маркази фарҳангии тоҷикон» дар Федератсияи Россия баррасӣ хоҳад шуд, ки дар ин кор низ дастгирии шумо ба хотири муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни бою қадимаи тоҷикон дар қаламрави Россия, бешубҳа, зарур аст.

Ҳамватанони азиз!

Барои ман, ҳамчун Президенти мамлакат, шунидани хабари ҳалокати ҳатто як шаҳрванди тоҷик дар хориҷи кишвар хеле вазнин аст, бахусус дар шароити осоишта.

Шумораи шаҳрвандони дар Федератсияи Россия фавтидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2003 то 2008 қариб 1800 нафарро ташкил кардааст, ки онҳо бо сабабҳои гуногун аз дунё гузаштаанд. Масалан, соли 2007 дар натиҷаи куштор 69 нафар, ҳолатҳои ногаҳонӣ – 106, садамаҳои нақлиётӣ – 32, бо сабаби беморӣ – 139 ва бо сабабҳои номаълум 10 нафар фавтидаанд.

Аз тарафи дигар, сол ба сол зиёд гардидани содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи шаҳрвандони мо дар ҳудуди Федератсияи Россия ба назар мерасад, ки ин моро ба ташвиш наоварда наметавонад. Масалан, агар соли 2000 1620 ҷиноят (аз ҷумла вобаста ба маводи мухаддир 487 ҷиноят) содир шуда бошад, пас соли 2007-ум 1800 ҷиноят (аз ҷумла вобаста ба маводи мухаддир 427 ҷиноят) содир шудааст.

Фикр мекунам, ки яке аз сабабҳои зиёд гардидани ҳодисаҳои ҳалокати муҳоҷирони тоҷик ин зиёд гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни онҳо низ мебошад.

Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки тибқи маълумоти мақомоти расмии Россия соли гузашта дар ҳудуди ин кишвар 427 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуда, аз онҳо зиёда аз 600 кг маводи мухаддир мусодира гардидааст.
Ин ҳолати номатлуб ба обрӯю эътибор ва шаъну шарафи миллату кишвари фарҳангофар ва тамаддунсози мо зарбаи калони маънавӣ ворид менамояд.

Аз ин рӯ, намояндагиҳои мақомоти мухталифи Ҳукумати Тоҷикистон дар Россия, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Тоҷикистониёни Россия ва сохторҳои онро лозим меояд, ки барои коҳиш додани ин тамоюли номатлуб якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ва корфармоён фаъолияти гуногунҷанбаъ ва мақсаднокро оҷилан ба роҳ монанд.

Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва сафоратхонаи мо дар Россия барои паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон корҳои муайянеро анҷом дода истодаанд.

Вале дар ин самт мо ба дастгирӣ ва кӯмаки ҳамарӯзаи шумо - роҳбарони Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия ва сохторҳои минтақавии он ниёз дорем. Зеро шумо аз ҳама бештар аз ҳолу аҳвол, шароити зиндагии муҳоҷирон, сабабҳои ба ҷинояткорӣ даст задани баъзе ашхос, шаклҳои беҳтари муборизаи зидди ҷинояткорӣ ва роҳҳои паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни муҳоҷирон огоҳ мебошед.

Ба мо маълум аст, ки дар ҳудуди Федератсия Россия гурӯҳҳои этникии муташаккили ҷинояткор якҷоя бо шаҳрвандони мо амал карда, фаъолияташон бар зидди муҳоҷирони меҳнатӣ нигаронида шудааст.

Онҳо ба тамаъҷӯии пулу моли шаҳрвандони мо ва паҳн намудани маводи мухаддир машғуланд. Ин гурӯҳҳо ва дигар қувваҳои иртиҷоӣ имкон намедиҳанд, ки дар Федератсия Россия ҳамаи созмонҳои мо муттаҳид шуда, ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷиронро ба таври бояду шояд ҳимоя намоянд.

Аз ҷониби дигар, дараҷаи пасти дониши ҳуқуқии муҳоҷирон боис мегардад, ки онҳо ҳуқуқу манфиатҳои худро дар қаламрави кишвари дигар хуб намедонанд. Дар натиҷа баъзеи онҳо қоидаҳои кишвари истиқоматро вайрон мекунанд ва ба дасти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афтида, аз мамлакат ронда мешаванд.

Боиси таассуф аст, ки теъдоди рондашудагон дар давоми 4-5 соли охир ба 60 ҳазор нафар расида, онҳо дар мӯҳлати 5 сол ҳуқуқи бозгаштро ба Россия надоранд.

Мо аз мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандони муқими кишварҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба хубӣ огоҳӣ дорем. Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша таввасути сохторҳои дахлдори худ барои ҳаллу фасли онҳо кӯшишу талош дорад.

Аз ҷумла, ҳоло дар масъалаи бо нафақа таъмин кардани муҳоҷироне, ки ба Ватан мегарданд, мушкилот вуҷуд дорад.

Ҳангоми дар ҳудуди Федератсияи Россия кор кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз маоши онҳо дар давоми 180 рӯзи аввал 30 фоиз ва баъдан 13 фоиз андоз ситонида мешавад, ки он бевосита ба буҷети давлатии Федератсияи Россия ворид мегардад.

Бо дарназардошти ин, ҳоло вобаста ба суғуртаи иҷтимоӣ лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ таҳия гардида, барои омӯзиш ба Ҳукумати Федератсияи Россия ирсол шудааст. Фикр мекунам, ки баъди ба имзо расидани он масъалаҳои андозбандӣ ва нафақапулии муҳоҷирони меҳнатӣ ҳалли мусбати худро меёбад.

Барои бартараф намудани мушкилоте, ки қаблан дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон вуҷуд доштанд, мо як қатор тадбирҳо андешидем. Дар натиҷаи татбиқи онҳо ҳоло тайёраҳои Корхонаи ҳавопаймоии «Тоҷик-Эйр» ва Ширкати хусусии «Сомон-Эйр» бо 18 хатсайр ба 19 шаҳру минтақаҳои Россия парвоз менамоянд, ки теъдоди ҳафтаинаи мусофирони онҳо 15600 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон роҳи оҳани Тоҷикистон ҳафтае 8 маротиба ба шаҳрҳои гуногуни Россия хатсайрҳо ташкил кардааст ва дар як ҳафта қариб 5 ҳазор нафар мусофир мебарад, ки ҳамаи ин сабукиҳо ба хотири шумо, ҳамватанони азиз, сурат мегирад.

Бо мақсади танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ бо Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ваколатҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба зиммаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида, дар таркиби он Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шуд. Ҳамзамон, намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия созмон ёфта, ҳоло он бо Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия дар ҳамкории зич фаъолият менамояд.

Баъди вохӯриҳои вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия ва амалӣ шудани ҳамкории зич миёни ин ду хадамот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ беҳбудии муайян ба амал омад. Фақат дар як соли охир 12 лоиҳаи созишномаи байниминтақавӣ, 4 созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расонда шуда, Консепсияи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, чунон ки қаблан гуфтам, баррасӣ шуда истодааст. Ҳамчунин байни Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия барномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳамкории ду вазорат дар 5 шаҳри калонтарини Федератсияи Россия ба муҳоҷирони меҳнатии мо зиёда аз 25 ҳазор шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ дода шуд, ки ин дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷрибаи нодири додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар ҳудуди давлати дигар мебошад.

Ҳоло мутобиқи созишномаҳои байниидоравии ду вазорат барои муташаккилона сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ махзани мутамаркази иттилоотии «Ҷойҳои холии корӣ»-и Федератсияи Россия таъсис гардидааст.

Муҳоҷирони меҳнатӣ аз хизмати он истифода карда, метавонанд соҳиби кори муайян шаванд. Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия дар доираи ҳамкорӣ тайёр аст, ки муҳоҷирони меҳнатиро дар фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан пешвоз гирифта, ба ҷойҳои лозимӣ гусел намояд ва барои ба қайд гузоштану гирифтани иҷозатнома мусоидат намояд.

Барои гирифтани маълумотномаи бозгашт, ки қаблан онро танҳо сафорат медод, ҳоло дар шаҳрҳои Москва, Екатеринбург ва Санкт - Петербург низ бахшҳои консулгарӣ кушода шудаанд.

Дар баробари ин, мо тасмим гирифтаем, ки бо мувофиқаи сохторҳои марбутаи Федератсияи Россия дар 12 минтақаи ин кишвар, пеш аз ҳама дар маҳалҳое, ки шумораи зиёди шаҳрвандонамон кору фаъолият мекунанд, намояндагони худро аз ҷумлаи тоҷикистониёни муқими ин кишвар ба ҳайси консулҳои фахрӣ таъин намоем, то ин ки ҳаллу фасли мушкилоти ҳаррӯзаи шумо осонтар гардида, равобити сохторҳои Тоҷикистону Россия боз мустаҳкамтар гардад.

Ногуфта намонад, ки ҳамаи вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон супориш гирифтаанд, ки дар минтақаҳои Федератсияи Россия рӯзҳои фарҳангӣ ташкил карда, дар ҳамкорӣ бо созмонҳои тоҷикони муқими Федератсияи Россия ҷашнҳои миллӣ ва дигар маросимҳои мардумиро баргузор намоянд. Чунин чорабиниҳо барои мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳо, аз байн бурдани баъзе нофаҳмиҳо ва густариши бештари анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунанд. Мо имсол ҷашни 1150-солагии Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки бо қарори ЮНЕСКО дар миқёси олам ҷашн гирифта мешавад, бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил хоҳем кард.

Ин санаи муҳим на танҳо ҷашни сокинони кишвари фарҳангпарвари мост, балки иди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, сарфи назар аз маҳалли иқоматаш аст.

Ман ба ҳамаи ҳамватанони бурунмарзӣ муроҷиат карда, мехоҳам як нуктаро таъкид намоям, ки ҳар яки шумо ҳамчун оинаи миллат дар хориҷи кишвар халқи худро бо сатҳи фарҳангу маърифат ва рафтору одобатон муаррифӣ мекунед.

Аз ин рӯ, ҳаргиз фаромӯш накунед, ки мо – тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои дорои таъриху фарҳанги қадима буда, соҳиби анъанаву суннатҳои нек ва тамаддуни куҳанбунёд мебошем ва кӯшиш намоед, ки дар баробари тарғиби он шаъну эътиборашро низ нигоҳ доред.

Аз таҷрибаи зиндагӣ дар хориҷи кишвар шумо хуб медонед, ки ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии шахс ҳангоми дурӣ аз Ватан дучанд меафзояд. Аз ин рӯ, ба масъалаи таълими фарзандонатон бо забони модарӣ шумо бояд диққати ҷиддӣ диҳед.

Муошират дар хона бояд ба забони тоҷикӣ сурат гирад, то фарзандон забону фарҳанги пурғановат ва расму оину суннатҳои аҷдодиашонро фаромӯш накунанд.

Бояд қайд кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ҷиҳатҳои нек ва манфӣ низ дорад. Ҷиҳати мусбат аз он иборат аст, ки муҳоҷирон дар баробари гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ, бо забон ва фарҳанги дигар халқу миллатҳои пешрафта ошноӣ пайдо карда, ҳамзамон ба касбу ихтисосҳои гуногун соҳиб мешаванд, ҷаҳонбиниашон бой ва эҳсоси ватандӯстиашон баланд мегардад.

Вале фаромӯш набояд кард, ки мо имрӯз дар Тоҷикистон низ ба кадрҳои баландихтисос, махсусан дар сохтмони иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ ва умуман сохтмон, саноат, инчунин соҳаи кишоварзӣ эҳтиёҷ дорем.

Ғайр аз ин, ҷиҳати манфии он дар ҷудоии муҳоҷирон аз Ватан, оилаву фарзанд ва хешу табор аст, ки ба рӯҳияи онҳо таъсир мерасонад.

Соли гузашта мо дар бораи танзими расму анъанаҳо қонун қабул намудем, ки онро аксари мардум ҷонибдорӣ кард ва аз он манфиати зиёд гирифт. Мутаассифона, солҳои охир дар кишвар гузаронидани маъракаи навпайдои серхарҷ ба ифтихори бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан анъана шуда истодааст. Худатон қазоват кунед: камбизоатӣ муҳоҷирони меҳнатиро маҷбур сохтааст, ки падару модар, зану фарзанд ва наздикони худро дар Ватан монда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба хориҷи кишвар раванд.

Маълум аст, ки онҳо бо машаққати зиёд маблағи муайяне ёфта, ба хона бармегарданду ба ҷои ислоҳи камбудии рӯзгор ё обод кардани манзили худ онро барои гузаронидани маъракаҳои серхарҷи марбут ба бозгашти худ, тӯй, рӯзи таваллуд ва дигар маросимҳо сарф мекунанд ва баъди он боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ барои баргардонидани қарз мераванд.

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар баробари ин, ки ба буҷети оила фоида меорад, инчунин барои муҳити солими хонадон баъзе мушкилот низ эҷод мекунад. Вақте ки сардори оила, яъне падар солҳои тӯлониро дур аз оила мегузаронад, масъалаи тарбияи фарзандон ба зиммаи танҳо модар мемонад.

Модар дар танҳоӣ аз ӯҳдаи тарбияи солими фарзанд пурра баромада наметавонад. Аз ин рӯ, ба таълиму тарбияи фарзандон низ ҳамеша таваҷҷӯҳ зоҳир карда, онро аз мадди назар набояд дур кард, инчунин ҳамеша бо оила, хешу табор ва Ватан робитаро нигоҳ бояд дошт.

Дӯстони азиз!

Мо бо Федератсияи Россия, ки шарики боэътимод ва стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, равобити васеъ ва рушдёбандаи сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангӣ дорем.

Агар солҳои пешин ҳамкориҳои сиёсӣ ва низомии кишварҳои мо бештар вусъат ёфта бошанд, пас ҳоло ба ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад. Самараи муҳимтарини ҳамкории иқтисодии ду кишвар ин сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 1» ба шумор меравад, ки агрегати якуми он моҳи январ ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар Тоҷикистон бо сармоягузории Россия 183 ширкат амал менамояд, ки фақат соли гузашта сармояи бевоситаи вориднамудаи онҳо 160 миллион долларро ташкил кард. Ҳаҷми умумии гардиши мол дар байни кишварҳои мо соли 2007 857 миллион долларро ташкил кард, ки ин нисбат ба соли 2006-ум 175 фоиз зиёд аст.

Вале сарфи назар аз ин, ҳанӯз имкониятҳои васеи ҳамкории мутақобилаи судманд дар соҳаҳои кӯҳкорӣ, энергетика, комплекси агросаноатӣ, саноати сабук, туризм, илм ва маориф мавҷуданд. Ҷонибҳо ният доранд, ки аз ин имкониятҳо пурра истифода намоянд. Мо ба ҷониби Федератсияи Россия муроҷиат намудем, ки дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои маъруфи Россия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишгоҳи саноати маъдани Санкт-Петербург кушода шаванд, ки онҳо бешубҳа, ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии мутахассисони мо мусоидат хоҳанд кард.

Мехостам бо истифода аз фурсати муносиб аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ва кулли тоҷикистониёни муқими ин кишвари дӯст ба Президенти Федератсияи Россия ва Ҳукумати он, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳри Москва барои сари вақт ба қайд гирифтани Иттиҳоди тоҷикистониёни Россия ва сохторҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, барои ғамхорӣ ва муносибати хайрхоҳона ба шаҳрвандони мо изҳори миннатдорӣ намоям. Дар охир ба ҳамаи шумо - ҳа мватанони азиз, тани сиҳат, хотири ҷамъ, рӯзгори ободу осуда ва барори кору зиндагӣ, инчунин ба Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол шукуфоиву сарсабзӣ орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520