Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба ифтихори 15-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.02.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Афсарон, сарбозон ва собиқадорони мӯҳтарами Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Мо имрӯз ба ифтихори яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол – понздаҳсолагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд, ҷамъ омадаем.

Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд.

Ба ҳақиқати ин амр мардуми Тоҷикистон дар давоми понздаҳ соли гузашта эътимоди қавӣ ҳосил кардаанд.

Аз ин рӯ, мехоҳам бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи устувор понздаҳумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба ҳамаи шумо - ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон самимона табрик гӯям.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамчунин мехоҳам хотирнишон созам, ки Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ - дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, яъне дар шароите таъсис дода шуданд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.

Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба ҳиссаи меросии худ – аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва иншооту дигар заминаҳои моддиву техникӣ, инчунин инфраструктураи низомӣ соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсии зарурӣ, яъне бе пойгоҳи аввалия ва оддитарини моддиву техникӣ ташкил карда шуд.

Аз таъсисёбии артиш вақти зиёде нагузашта, ба дӯши он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим – таъмин кардани субот ва амнияти кишвар вогузор гардид.

Вобаста ба ин, бояд таъкид намоям, ки агар мо баъди ба даст овардани истиқлолият ба ҷои кашмакашу муноқишаҳои дохилӣ ва ба гирдоби сиёсатбозиву мухолифатҳои манфиатҷӯёна кашидани мардум сари вақт рамзҳои давлатдории соҳибихтиёрамонро қабул намуда, рукнҳои давлати мустақил, дар навбати аввал қувваҳои мусаллаҳ ва артиши миллии худро ташкил мекардем, шояд гирифтори ҷанги бародаркуш ва харобиовари шаҳрвандӣ намешудем.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз он рӯзҳои вазнин сар карда, дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом доданд ва дар айни замон аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштанд. Дар ин раванд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯстони асил буданашонро собит намуданд.

Садҳо нафари онҳо дар ин роҳ ҷони худро қурбон карданд, ки мо хотираи некашонро ҳамеша пос медорем.

Бо истифода аз фурсат ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, дар фароҳам овардани шароити орому осудаи имрӯза саҳми арзанда гузоштаанд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тӯли солҳои гузашта дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд.

Зеро Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ, аз ҷумла қӯшунҳои хушкигард, зудамал, дохилӣ, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва таъминоти онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, инчунин тарбияи кадрҳои соҳибихтисос кӯшиш карда, сарфи назар аз душвориву мушкилоти зиёд ҳалли ин масъалаҳоро тадриҷан таъмин намуд.

Бо дарназардошти зарурати ҳифзи сарҳадоти кишвар мо соли 1997-ум Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистонро ташкил кардем ва соли 2005 ҳимояи марзҳои кишварамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол пурра ба ихтиёри худ гирифтем. Ҳоло Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро таъмин карда истодаанд.

Шумо хуб дар хотир доред, ки дар ҷараёни ташаккулу такомули ҷузъу томҳои низомӣ шароити онҳо дар кадом поя қарор дошт.

Бинобар вуҷуд надоштани инфраструктураи зарурӣ ва таъминоти нокифояи моддиву техникӣ хизматчиёни ҳарбӣ бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешуданд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки зарурати ҳалли проблемаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомӣ баробари таъмин гардидани суботи сиёсӣ ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир равона карда, ин роҳро идома дода истодааст.

Дар айни замон мо мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти моддии сохторҳои низомиро асосан бартараф карда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ сохтмон ва азнавсозии инфраструктураи қисмҳои низомиро вусъат бахшида истодаем. Солҳои охир ба масъалаи маблағгузории хароҷоти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Аз соли 2000-ум то соли 2007-ум, яъне дар ҳафт соли гузашта хароҷоти сохтору мақомоти мазкур ҳаштуним маротиба зиёд шуда, маблағи умумии беш аз ду миллиард сомониро ташкил кард.

Дар солҳои зикршуда танҳо барои сохтмони асосии бахши мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне сохтмон, таъмир ва азнавсозии манзилҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, қисмҳои ҳарбӣ, варзишгоҳҳо ва дигар иншооти инфраструктурӣ аз ҳисоби буҷети давлат маблағҳои зиёд сарф шудаанд.

Баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки дар раванди беҳтар гардонидани шароити моддиву техникии сохторҳои низомӣ ҳамчунин ба масъалаи таъмини саривақтӣ ва сифатноки ҳайати шахсӣ бо амволи шайъӣ, истифодаи сарфакоронаву мақсадноки захираҳои моддӣ бояд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.

Мавзеъҳое, ки ҷузъу томҳои низомӣ дар онҳо ҷойгир мебошанд, бояд тадриҷан ба меъёру талаботи шаҳрчаҳои ҳарбӣ мутобиқ карда шаванд.

Дар онҳо дар баробари бунёди биноҳои маъмуриву хобгоҳҳои сарбозон ва дигар иншооти зарурӣ, инчунин ҷиҳати беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ сохтмон ва ташкили хонаҳои фароғативу маишӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба назар гирифта шаванд.

Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки бо мақсади ҳарчи беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагиву фаъолияти ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат нақшаи дурнамои сохтмони шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва манзилро барои онҳо дар давраи солҳои 2009-2020 таҳия ва амалӣ намоянд.

Таҳким ва тақвияти фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пеш аз ҳама аз сатҳи таъминоти онҳо бо кадрҳои баландихтисос ва обутобёфтаи ҳарбӣ вобаста мебошад.

Бо дарназардошти талаботи соҳа мо тарбияи кадрҳои низомиро дар мамлакатамон бо таъсиси Коллеҷи олии ҳарбӣ, ки баъдан ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд, Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ монда, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳро бо мутахассисони зарурӣ то андозае таъмин кардем. Тасаввур кунед, ки дар солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на танҳо аз камбуди кадрҳо шадидан танқисӣ мекашидем, балки марказҳо ва донишкадаҳои махсусро барои тарбия ва омода сохтани кадрҳои низомӣ надоштем.

Ҳоло дар натиҷаи фароҳам овардани имкониятҳо ҳар сол сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии ватанӣ пурра мегарданд. Илова бар ин, садҳо нафар ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсил ба мактабҳои олии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.
Бо вуҷуди ин ҳама, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳое, ки дар тобеияти худ муассисаҳои таҳсилоти ҳарбӣ доранд, вазифадор карда мешаванд, ки дар хусуси боз ҳам беҳтар кардани тарбияи кадрҳои баландихтисос ва такмили ихтисоси хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида, онҳоро дар амал татбиқ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Пойдорӣ ва устувории пояҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз тартибу низоми қатъии онҳо вобаста мебошад, ки асоси онро риояи ҳатмӣ ва бечунучарои қонун ва оинномаҳои ҳарбӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, интизом ва тарбияи дурусти ҳарбиву ватандӯстӣ ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи қабул гардидани Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ риоя гардидани оинномаҳои ҳарбӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву ваҳдати миллӣ тарбия намудани онҳо боз ҳам тақвият ёфт. Вале ин ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои низомии кишвар зарур аст, ки дар самти пешбурди корҳои тарбиявӣ дар байни ҳайати шахсӣ бо истифода аз усулҳои нав ва самарабахши тарбия риояи ҳатмии интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқиро дар Қувваҳои Мусаллаҳ пурзӯр намоянд.

Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки интизоми қавӣ ва тартиботи қатъӣ шарти муҳимтарини омодагии ҷангиву қобилияти мудофиавӣ ва нишондиҳандаи мустаҳкамии сафҳои артиш мебошад.

Дар «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, ки корномаи қаҳрамонӣ ва ватандӯстии аҷдодони некноми мо мебошад, беҳуда таъкид нашудааст, ки:

Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Бояд гуфт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир, густариш ёфтани хатарҳо ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизму радикализм, ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва бо мақсади тақвияти нерӯи мудофиавии кишвар ва таъмини фаъолияти пурсамари воҳидҳои ҳарбӣ пайваста ба ислоҳоти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, баланд бардоштани қобилияти мудофиавии қӯшунҳо ва тарбияи кадрҳои баландихтисос диққати махсус медиҳад.

Дар ин замина таваҷҷӯҳи асосии ҳайати фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ дар навбати аввал ба баланд бардоштани масъулияти мақомоти идораи ҳарбӣ, беҳбудии сатҳи омодагии касбии ҳайати шахсӣ, омӯзиш ва таҳияи нақшаҳои амалиёти эҳтимоливу машқҳои ҳарбӣ, усулҳои нави истифодаи қӯшунҳо нигаронида шудааст, ки ҳамаи ин чорабиниҳо ба такмили минбаъдаи таҷрибаву малакаи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва баланд гардидани сатҳи омодагии ҷангии онҳо мусоидат мекунанд.

Тавре ки шумо медонед, Тоҷикистон аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сабақҳои талх бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро низ доим аз хатари густариши онҳо ҳушдор медод.

Ва мо имрӯз низ дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок ва харобиовари ҷаҳони муосир бо тамоми кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкорӣ дорем. Ҳамчунин мо мӯътақидем, ки бар зидди таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ якҷоя бо кишварҳои минтақа амал намоем.

Илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқҳои муштараки фармондеҳиву ситодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона иштирок намуда, қобилияти баланди омодагии ҷангии худро собит месозанд ва дар айни замон маҳорат ва таҷрибаи худро дар ин самт такмил медиҳанд.

Дӯстони азиз!

Мо борҳо таъкид намудаем, ки халқи тоҷик баъди ҳазор соли маҳрумият аз давлати соҳибихтиёр маҳз дар охири асри ХХ-ум аз нав соҳиби давлати соҳибистиқлоли миллӣ гашта, ба орзуву ормони деринаи аҷдодони озодихоҳи хеш расидааст. Ин бахти бузург ва имконияти таърихӣ, яъне бунёди давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба насли мову шумо насиб гардид.

Ҳоло барои он, ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони имрӯза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиқлоли худ онро самимона дӯст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем.

Зеро дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки дар он хатарҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, табиӣ ва техногенӣ рӯз то рӯз густариш меёбанд, ҳифзи Ватан ва таъмини амнияти давлату миллат аҳамияти торафт бузург касб мекунад.

Ва ин рисолати ҳаётӣ пеш аз ҳама қарзи фарзандии ҳар як хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад.
Аз ин рӯ, ҳамаи афроди низомӣ - аз сарбозони қаторӣ то афсарони олирутба ӯҳдадоранд, ки ба иҷрои вазифаи бевоситаи худ дар назди Ватан бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш муносибат намоянд.

Ҳамзамон садоқати худро ба халқу Ватан бо устуворӣ ба қасами ҳарбӣ бояд нишон диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид бояд кард, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат натанҳо қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Дар роҳи адои ин вазифаи муқаддас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ мебошад.

Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Қувваҳои Мусаллаҳ бояд ҳомиёни воқеии кишвар ва амнияти мардум бошанд ва ҳамчун нерӯи тавонои мудофиавӣ ташаккулу такомул ёфта, халқу давлатро боэътимод созанд, ки марзу буми кишвар таҳти муҳофизати ҳушёронаи онҳо қарор дорад.

Ва мо итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз ҷумла Артиши миллӣ чунин қудрату нерӯ ва қобилияту зиракиро доранд ва ҳамеша ба иҷрои рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи модар - Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омодаанд.

Дар охир бори дигар шумо – ширкаткунандагони тантанаи имрӯза, ҳамаи хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори понздаҳумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳамаатон рӯзгори хушу осуда ва барори кор орзу менамоям.

Идатон муборак - ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520