Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон

18.09.2012 18:00, ноҳияи Шуғнон

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Сараввал ҳамаи шумо – сокинони ин гӯшаи зебоманзару биҳиштосои Ватани азизамонро бори дигар ба ифтихори бистуякумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш онро тамоми мардуми сарбаланди кишварамон дар фазои сулҳу субот ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ таҷлил намуданд, самимона табрик мегӯям.

Мардуми тоҷик маҳз ба туфайли файзу баракати соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдату ягонагӣ ва суботу оромии ҷомеа ба эҳёи давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи муосири шаҳрвандӣ марҳала ба марҳала қадамҳои устувор мегузорад.

Имрӯз ҳар як сокини кишварамон азму талош доранд, ки бо истифода аз ин фазои орому осуда ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон иқдомҳои тоза нишон медиҳанд ва мо инро дар чеҳраҳои гарму самимии мардуми ноҳияи биҳиштосои Шуғнон хуб эҳсос мекунем.

Дар баробари ин, ҳаргиз набояд фаромӯш созем, ки оромии ҷомеа ва рушди босуботи имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоии кишвари соҳибистиқлоламон аз баракати сарҷамъии миллатамон, ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ сарчашма мегирад.

Чунки маҳз истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки дар қатори дигар минтақаҳои кишвари азизамон дар ноҳияи шумо низ солҳои охир амалҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъат ёфта, дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан ба худ ранги дигар гирад.

Мо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон бо мақсади рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Шуғнон сол ба сол маблағгузории давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориро афзоиш дода, ҷиҳати тармим ва бунёди иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ қарорҳои дахлдори Ҳукумат ва барномаҳои соҳавиро ба тасвиб расонидаем.

Бо мақсади таъмини рушди босуботи ноҳияи Шуғнон дар замони истиқлолият аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сохтмони иншооту роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия зиёда аз 155 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар ин давра танҳо барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ва пардохти нафақа 100 миллион сомонӣ равона карда шуд.

Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон айни замон бо мақсади суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ноҳия татбиқи ду лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Солҳои охир дар раванди амалигардонии ташаббусҳои неки ободкориву созандагӣ дар миқёси ноҳия як қатор иншооти маъмуриву маишӣ, нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, пулу хатҳои оби нӯшокӣ, муассисаҳои таълимиву бунгоҳҳои тиббӣ таъмир ва бунёд карда шуданд.

Боиси хурсандист, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар арафаи 21 - солагии истиқлолияти давлатӣ соҳиби бинои нави замонавӣ гардид.

Ин иншооти ҳаётан муҳими маъмурӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бо маблағи қариб 7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шуд.

Бинои мазкур барои фаъолияти босамари хизматчиёни давлатӣ хеле мусоид буда, бо таҷҳизоти муосири алоқаву иттилотӣ ҷиҳозонида шудааст ва барои гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳо тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.

Айни замон дар маркази нави ноҳия сохтмони дигар биноҳои нави маъмурӣ – биноҳои шӯъбаи корҳои дохилӣ, суд, прокуратура, амният, маориф ва молия ба маблағи беш аз 21 миллион сомонӣ идома дорад.

Дар шароити кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Шуғнон вусъат додани соҳаҳои чорводорӣ, махсусан қутоспарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз қабили бахшҳои сердаромад ва сарчашмаи муҳимтарини таъмин кардани сокинон бо ҷойҳои нави корӣ буда, омили асосии баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба ҳисоб меравад.

Бинобар ин, барои рушди соҳаҳои мазкур дар шаш соли охир маблағҳои зарурӣ ҷудо гардидаанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, ки ҳамчун бахшҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб мераванд, пайваста чораву тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Дар ин раванд, шароит ва вазъи таъминоти муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Шуғнон низ сол ба сол беҳтар шуда истодааст.

То имрӯз аз ҷониби Ҳукумат ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015 қабул гардида, давра ба давра амалӣ шуда истодааст.

Дар доираи барномаи мазкур танҳо дар чор соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави ноҳияи Шуғнон 3 мактаби нав барои 900 ҷойи нишаст сохта, мавриди баҳрабардории толибилмони ноҳия қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки дар як қатор деҳаҳои ноҳия, ки хонандагон солҳои тӯлонӣ аз набудани мактаб азият мекашиданд, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва амалӣ гардидани иқдомҳои созандагиву бунёдкории Ҳукумати мамлакат як қатор мактабу синфхонаҳои нави иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Умуман дар давоми 10 соли охир барои хонандагони ноҳия беш аз 2000 ҷои нишаст ба истифода дода шудааст, ки чунин дастовардро солҳои то истиқлолият орзу кардан ҳам душвор буд.

Як сол муқаддам дар доираи таҷлили ҷашни 20 – умин солгарди истиқлолияти давлатӣ мо ба ноҳияи шумо омада, як қатор иншооти бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла бинои нави хобгоҳи литсейи касбҳои техникии №77-ро дар фазои идона ифтитоҳ карда будем.

Ҳамчунин, барои мустаҳкам кардани донишҳои назариявӣ ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши касбу ҳунар дар назди литсей маркази техникӣ, теъдоди зарурии дастгоҳҳои замонавии дуредгариву кафшергарӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.

Барои сохтмони пурраи литсей дар деҳаи Навобод аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 28 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Бо дарназардошти шароити то имрӯз муҳайёгардида вазифаи аввалиндараҷаи мову шумо аз он иборат аст, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ ва амиқ азбар намудани касбҳои интихобкардаашон тарбия намоем, зеро минбаъд мо ба мутахассисони ҷавон ҳамчун нерӯи пешбарандаи иқтисоди миллӣ ва идомабахши кору фаъолиятамон такя менамоем.

Ин вазифа ҳамчунин аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлати соҳибистиқлоли мо дар соҳаи маориф буда, барои муваффақ шудан ба он бояд дастаҷамъона саъю талош варзем.

Соли равон мо ба нақша гирифтаем, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкориамон сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ, инчунин бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо ва нерӯгоҳҳои хурду миёнаро идома бахшем, зеро асоси аз бунбасти коммуникатсионӣ ва мушкилоти энергетикӣ баровардани мамлакатро маҳз ҳамин самтҳои муҳими сиёсати давлатиамон ташкил медиҳанд.

Дар натиҷаи марҳала ба марҳала татбиқ гардидани яке аз ҳадафҳои гузошташуда соли 1994 ду агрегати нерӯгоҳи Помир дар ҳудуди ноҳия ба фаъолият оғоз намуд, инчунин садҳо километр роҳу пулҳо бунёд гардида, тавассути дарвозаҳои шарқии мамлакат робитаи нақлиётӣ ва тиҷорат бо кишварҳои ҳамҷавор ба роҳ монда шуд.

Бояд қайд намоям, ки роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат аз мушкилоти мавҷудаи вилоят, аз ҷумла ноҳияи Шуғнон ба хубӣ огоҳ ҳастанд ва барои ҳаллу фасли онҳо мунтазам чораҷӯӣ мекунанд.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки барои таъмини рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, пеш аз ҳама, иттиҳоду ягонагӣ, ҳамраъйиву ҳамфикрӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарифи Тоҷикистон зарур аст.

Зеро истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносиву ватандӯстӣ ва ташаккулу таҳаввули андешаи миллиамон мебошанд.

Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо бояд кӯшиш намоем, ки фаъолияти худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамон равона созем.

Мо доим таъкид месозем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.

Итминон дорам, ки мардуми сарбаланди Бадахшон, аз ҷумла сокинони меҳмоннавозу заҳматписанди Шуғнон сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро минбаъд низ ҷонибдорӣ карда, дар пешрафту тараққиёти Ватани соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро дареғ намедоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шумо - ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори солгарди бистуякуми истиқлолияти давлатӣ - ин неъмати муқаддас ва азизи мардуми Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тандурустиву иқболи нек, рӯзгори хушу босаодат ва дар фаъолияти минбаъдаатон ба хотири ободии Ватани маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520