Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

28.02.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 60 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дошт, нахуст масоили такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи ҷумҳурӣ ва масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавӣ таъсис дода шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандқул Зикиров Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҷабов Директори Хазинаи сарватҳои давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадзоир Соҳибов Директори Агентии хариди давлатии мол, кор, хизматрасонӣ ва ташкили фаъолияти биржавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзалӣ Комилов Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Абдукарим Раҳимов Директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар», Султон Валиев муовини аввали Вазири кишоварзии Тоҷикистон, Сиҷоудин Исроилов ва Шукрулло Раҳимназаров муовинони Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ таъиншударо ба фаъолияти содиқонаю софдилона ба манфиати халқу Ватани худ – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуд.

Баъди баррасии масъалаи кадрҳо ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика шунида шуд.

Зикр гардид, ки айни замон дар бахшҳои энергетикаи барқӣ ва газ 10 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи умумии беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ амалӣ мегардад. Татбиқи ин лоиҳаҳо барқарорсозии соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, таҷдиди шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе, бунёди нерӯгоҳи обии Помир – 1 ва 8 нерӯгоҳи хурди обӣ дар минтақаҳои кӯҳистон, хатҳои интиқоли барқи 500 кВ Ҷануб – Шимол, 220 кВ Лолазор – Хатлон ва хати байнисистемавии интиқоли барқ, устуворгардонии лағжиши(ярчи) Бойғозӣ ва кам намудани талафоти барқ ва газро дар назар дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика дастур дод, ки корҳоро суръат бахшида, баҳри кам кардани талафоти барқ ва гази табиӣ ва ҳамчунин беҳтарнамоии таъминоти аҳолӣ бо ин мавод чораҳои зарурӣ андешанд. Онҳо ҳамчунин вазифадор гардиданд, ки аз ҷараёни ин корҳо ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ба роҳбарони сохторҳои дахлдори кишвар дастур дода шуд, таҷдид ва барқарорсозии марказҳои истеҳсоли барқ ва гармии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ёвонро то аввали моҳи октябр ва анҷоми пурраи сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 –ро то охири соли равон таъмин намоянд.

Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ҳамчунин ҳисоботи Раиси ноҳияи Нуробод оид ба раванди таъсиси ҷойҳои кории нав ва иловагӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки аз 64 ҳазору 100 нафар мардуми ноҳия 24 ҳазору 600 кас (38,4%) аҳолии қобили меҳнат аст. Таъкид карда шуд, ки дар натиҷаи қабул ва татбиқи нақшаю барномаҳои мусоид танҳо дар соли 2007 670 ва дар зарфи солҳои 2005-2007 бошад 1178 ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуд.

Раиси ноҳияи Нуробод ҳамчунин мужда расонд, ки соли равон дар қаламрави ноҳия сохтмони 3 нерӯгоҳи хурди обӣ ба поён мерасад. Иқтидори умумии онҳо 225 кВт/с будааст. Бинобар ахбори Раиси ноҳия ба истифода дода шудани онҳо дар баробари истеҳсоли нерӯи барқ ҳамчунин боиси бо ҷойи кор таъмин гаштани 25-30 нафар аз аҳолии маҳаллӣ мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот, аз худ намудани заминҳои бекорхобида ва бад ин васила ба корҳои барқарорсозии боғҳои кӯҳнаю бунёди боғоти нав ва рушди картошкапарварию чорводорӣ ва парвариши занбӯри асал ҷалб кардани мардум ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки тавассути анҷом додани ин ва дигар корҳои зарурӣ ҷойҳои нав ва иловагии корӣ бештар таъсис дода шавад. Барои ба корҳои ҷамъиятию истеҳсолӣ бештар ҷалб намудани занону духтарон низ бояд чораҳо андешида шавад, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Баъди баррасию муҳокима Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2010 ва Номгӯи муассисаю ташкилотҳо, ки барои хизматрасонии санаторию курортӣ аз пардохти андоз ва арзиши иловашуда озод карда мешаванд, тасдиқ карда шуд.

Гуфтан баҷост, ки мутобиқи барномаи қаблии компютеркунонӣ дар солҳои 2003-2007 ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 21105 адад компютер тақдим карда шуд. Тибқи барномаи нави барои солҳои 2008-2010 пешбинишуда бошад ба мактабҳои ҷумҳурӣ боз 14200 компютер дастрас мегардад ва то соли 2010 бояд ба ҳар 20 нафар хонанда як компютер рост ояд.

Барномаи мазкур ҳамчунин омода ва ҷалб кардани шумораи зарурии омӯзгорон ва мутахассисони компютер, муҳайё намудани шароити хуби нигаҳдорӣ ва истифодаи онҳо ва дар ниҳояти кор баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии иттилоотӣ-техникии хонандагонро дар назар дорад.

Ҳадафи асосӣ аз тасдиқи Номгӯи муассисаю ташкилотҳо, ки барои хизматрасонии санаторию курортӣ аз пардохти андоз ва арзиши иловашуда озод карда мешаванд, ҳавасмандгардонии онҳо баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ҳамчунин мусоидат ба муҳайё намудани шароити муосири рушди туризм аст.

Бояд таъкид намуд, ки таҳия ва татбиқи ҳамаи ин санадҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Дар маҷлис Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба танзим даровардани ҷамъоварӣ ва коркарди ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардид.

Ин қарор ҷалби инвеститсияи дохилию хориҷӣ, бунёди корхонаҳои ватании коркарди пӯсту пашм ва танзими воридоту содироти онро пешбинӣ менамояд.

Ба як қатор санадҳои қонунгузории кишвар, аз ҷумла ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» ва «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» тағйиру иловаҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумат ба лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи сирри тиҷоратӣ» ва «Дар бораи ҳуқуқи дастрасии иттилоот» пешниҳод карда шуд.

Як қатор санадҳои ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои Озарбойҷон, Туркманистон ва Қазоқистон тасдиқ гардид.

Лоиҳаҳои ду санади бисёр муҳим - Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия ва Ҳукумати шаҳри Москва оид ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи мухоҷирони меҳнатӣ ва Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон оид ба фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи иҷтимоии меҳнаткашон-муҳоҷирон маъқул дониста шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мавзӯи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва муҳайё намудани шароити арзандаи корӣ барои онҳо дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин оид ба татбиқи натиҷаҳои мулоқоти худ бо тоҷикистониёни Россия, ки рӯзи 21 – уми феврали соли равон дар шаҳри Маскав баргузор гашта буд, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷик эйр» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон» вазифадор гаштанд, ки минбаъд ҷасадҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро, ки дар хорича ҳалок мешаванд, ба Ватан ба тариқи ройгон ё худ бепул интиқол диҳанд.

Қобили таъкид аст, ки ин мавзӯъ пайваста мавриди назорат ва чораандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сохторҳои дахлдори кишвар қарор дорад.

Дар маҷлиси Ҳукумат Консепсияи ислоҳоти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки он ташкили усули пардохти музди меҳнат аз рӯйи хароҷот ва натиҷаҳо, ҳавасмандгардонии ҳиссаи ҳар як корманд дар баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, зиёд намудани музди меҳнат дар натиҷаи афзоиши самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани ҷолибияти хизмати давлатӣ ва афзоиши қобилияти харидории аҳолиро дар назар дорад.

Ҳамчунин Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015, Нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолгардонии раванди дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо, Нақшаи доир намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008, ва Нақшаи генералии шаҳрҳои Ваҳдату Кӯлоб тасдиқ карда шуд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Қумсангир, Хуҷанд ва Ишкошим вазифадор гардиданд, ки дар мӯҳлати як ва се моҳ мутаносибан асосноксозии техникию иқтисодӣ ва нақшаи чорабиниҳоро оид ба таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Бо мақсади таҳкими заминаи моддию техникӣ, таъмини рушди минбаъдаи низоми таълимии касбии калонсолон, аз ҷумла бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Филиалҳои он дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод низ бояд кушода шаванд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамовозии якдилонаи ҳамаи иштирокчиёни маҷлис истифодаи фонограммаи пурра (сабти мусиқӣ ва овоз) дар барномаҳои ҳунарии сатҳи давлатӣ, умумиҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳруноҳиявӣ, дар консерту спектаклҳо ва дар маъракаҳои тӯю тамошо манъ карда шуд.

Тибқи қарор дар ҳолатҳои зарурӣ истифодаи фонограммаи нопурра (сабти мусиқии беовоз) дар намоишҳои театрикунонидашуда, майдону варзишгоҳҳо ва сабти студиявии барномаҳои телевизионӣ ба тариқи истисно иҷозат дода мешавад.

Баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти проблемаву мушкилоти мавҷуда дар таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи ҳаррӯза ба иштирокчиёни маҷлис ва мардуми кишвар муроҷиат карда, ҳамагонро ба суръат бахшидани киштукори баҳорӣ, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо қарзҳои бонкӣ, техникаю таҷҳизот, маводи сӯхту молиданӣ, нуриҳои минералӣ, тухмиҳои хушсифат, истифодаи босамар аз тамоми заминҳои киштбоб ва умуман ба истеҳсоли ҳарчи бештари неъматҳои моддӣ дар дохили кишвар ва фаровон намудани бозори истеъмолӣ бо молу маҳсулоти ватанӣ ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бодарназардошти фарорасии рӯзҳои мусоиди баҳорӣ мардумро ҳамчунин ба ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунии муҳити зист даъват намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520