Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти навбатии 11-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ

15.03.2008 00:30, Сенегал

Рӯзи 12 март баъди анҷоми сафари расмии пурмаҳсули худ ба Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии 11-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ аз Алҷазоир ба шаҳри Дакар-пойтахти Ҷумҳурии Сенегал рафт.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Леополд Седар Сенгори шаҳри Дакар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба нишони эҳтирому самимияти махсус шахсан Президенти Ҷумҳурии Сенегал Абдулло Вад истиқбол гирифт.

Ба ифтихори ташрифи сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои аъзо ва нозирони Созмони Конфронси Исломӣ ва созмонҳои дигари даъватшуда фурӯдгоҳи Леополд Седар Сенгор бо парчамҳои давлатии сершумор, шиору навиштаҷоти самимӣ ва қатори аскарони горди ифтихорӣ оро ёфта буд.

Баробари расидан ба қароргоҳи худ дар шаҳри Дакар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РаҳмонРаиси Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алиро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки айни ҳол дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар ба андозаи 122 миллиону 150 ҳазор доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзӣ аз худ карда мешавад.
Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки Бонки исломии рушд ҳамчунин ҷудо намудани 65 миллион динори исломиро барои идомаи корҳо дар Тоҷикистон ба нақша гирифтааст.

Мусоҳибон таъкид доштанд, ки ширкати сармоягузории холдингии Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зудтар таъсис ёбад ва ҳаҷми грантҳо ва маблағгузориҳои имтиёзии бонк ба кишвари мо афзоиш дода шавад.

Мувофиқаҳои муҳим ҳамчунин баҳри ба Тоҷикистон дастрас намудани нуриҳои минералӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба даст омад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо мавқеи худро оид ба зарурати баланд бардоштани нақши Бонки исломии рушд ва васеъ намудани имконоту ваколатҳояш собит менамоем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Аҳмад Муҳаммад Алӣ барои таваҷҷӯҳаш ба масъалаҳои беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон арзи сипос карда, аз ӯ даъват намуд, ки ба кишвари мо бори дигар ташриф биёрад.

Дар ҳошияи мулоқот як созишнома баҳри ҷудо намудани 13,7 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи обёрикунии даштҳои Данғара ба имзо расид.

Бегоҳии рӯзи 12-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғлиро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ доир ба масоили ислоҳоти сохтории Созмони Конфронси Исломӣ, баланд бардоштани нақш ва ҳуқуқу ваколатҳои Котиботи созмон ва оид ба мавзӯъҳои мулоқоти сарони кишварҳои аъзои он гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Субҳи рӯзи 13 – уми март мулоқоти 11-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар маркази шаҳри Дакар – пойтахти Ҷумҳурии Сенегал ба кори худ оғоз намуд.

Дар кори он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои сершумори кишварҳои аъзо ва нозири Созмон, намояндагони созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ ва меҳмонон аз тамоми гӯшаҳои олам иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки саммити мазкур таҳти унвони «Ислом дар асри 21» ҷараён мегирад ва ҳадафи асосии ин ҳамоиш амалӣ намудани ислоҳоти сохторӣ ва баланд бардоштани самаранокии кори созмон аст.

Масъалаи муҳими дигари мавриди таваҷҷӯҳи ҳамагон ин баррасии масоили доғи минтақаҳои Шарқи наздик ва Миёна ва дарёфти роҳҳои ҳалли одилонаи ин ва дигар мушкилони мубрами кишварҳои мусулмонӣ аст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саммити 11-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ва пешниҳодҳои муфидаш мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ва пуштибонии аҳли толор қарор гирифт.

Нахуст Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Сенегал Абдулло Вад ва мардуми ин кишвар барои эҷоди шароити мусоиди корӣ арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмӯҳтавои худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорию ҳамбастагии пурсамари кишварҳои мусулмонии ҷаҳон, ки ба фармудаи қуръонии «мӯъмин бародари мӯъмин» асос ёфта бошад, як қатор пешниҳоду андешаҳои муфид ба миён гузошт, ки мавриди истиқболи хуш ва пуштибонии иштирокчиёни сершумори саммит қарор гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки ҷиҳати дастгирии давлатҳои рӯ ба инкишофи мусулмонӣ аз ҷониби давлатҳои пешрафтаи дорои сармояи зиёд Барнома ва Стратегияи дарозмуддати рушди исломӣ таҳия ва қабул карда шавад ва барои татбиқи онҳо – Бунёди рушди кишварҳои исломӣ таъсис ёбад.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод намуд, ки барои таъмини дастрасии васеи мусулмонони ҷаҳон ба технологияҳои муосири иттилоотӣ дар ҳамбастагӣ бо созмони Милали Муттаҳид Бунёди рушди илм ва технологияи навин ва Агентии муштараки иттилоотӣ бо шабакаи васеъ ва фаъол дар саросари ҷаҳони ислом фаъол гардонда шавад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Мамлакати Арабистони Саудиро оид ба таъсиси Маркази байналмилалии зиддитеррористӣ ҷонибдорӣ намуда, даъват кард, ки дар ҳамбастагӣ бо Созмони Милали Муттаҳид Стратегияи муштараки зиддитеррористӣ таҳия ва қабул карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои суханронии худ пешниҳод намуд, ки бархе аз ҳамоишҳои ояндаи Созмон дар пойтахти Тоҷикистон - Душанбеи хушбодуҳаво гузаронда шавад.

Воқеан пешниҳодҳои муфиду саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди дастгирию пуштибонии аҳли толор қарор гирифт ва бори дигар собит гашт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар байни роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ба ҳайси як сиёсатмадори ҷасуру ошкоргӯ мавқеъи махсусу намоёни худро пайдо намудааст.

Хотиррасон бояд кард, ки ин нукта дар Алҷазоир аз ҷониби Президенти он Абдулазиз Бутефлиқа бо ҳисси эҳтирому самимияти махсус баён гашта буд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Барномаи даҳсолаи амал, Эъломияи Дакар ва умуман 20 қарори муҳими ҳамкорӣ қабул гашт. Ин санадҳо ба ҳалли масоили мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию башардӯстӣ, иттилоотӣ ва илмию технологӣ равона хоҳанд гашт.

Дар ҳошияи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар Дакар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони давлатҳои зиёди мусулмонӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии ЭронМаҳмуди Аҳмадинажод масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.

«Мо аз сатҳи равобити дӯстона ва ҳамкории гуногунсоҳа бо Эрон, ки солҳои охир ба яке аз шарикони асосӣ ва стратегии мо табдил ёфтааст, қаноатмандем», изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Маҳмуди Аҳмадинажод таъкид дошт, ки раванди иҷрои саривақтии тавофуқоти муҳимро оид ба суръатбахшии сохтмони нерӯгоҳи обии барқии «Сангтӯда-2», омодагӣ ба бунёди нерӯгоҳи «Шӯроб», хатти интиқоли нерӯи барқ, роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистону Эрон аз тариқи Афғонистон, таъсиси якчанд корхонаи нави муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон, анҷоми мукаммали сохтмони нақби «Истиқлол» ва ғайра таҳти назорати шахсии худ қарор додааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ҳамоиши нахустини иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар дар шаҳри Душанбе доир карда шавад.

Мусоҳибон ҳамчунин таҳияи Барномаи Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2009-2015 - ро амри матлуб маънидод карданд.

Онҳо зарурати доир намудани мулоқоти сеҷонибаи сатҳи олии кишварҳои форсизабон, таъсис додани Шӯрои иқтисодии Тоҷикистону Эронро бо иштироки Афғонистон ва татбиқи лоиҳаҳои стратегиро дар самтҳои бунёди хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингард бори дигар таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон, авзои кунунии Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули назар карда шуд.

Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланд ва мунтазами равобити сиёсӣ ва муколамаи байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар соли 2007 нисбат ба соли 2006 ба ҳадди 55 дар сад афзоиш ёфтани ҳаҷми додугирифти молу маҳсулот, ки ба 39 миллиону 120 ҳазор доллари амрикоӣ баробар буд, нишона аз суръати хуби рушди равобити тиҷоратии ду кишвар маънидод гашт.

Ба андешаи мусоҳибон нақши Шоҳпули «Дӯстӣ» дар мавзеи Панҷи Поён – Шерхонбандар дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ назаррас аст. «Дар маҳаллаи Панҷи Поён бунёд гардидани минтақаи озоди иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ қадами навбатии басо арзишманди мо дар ин раванд хоҳад буд», таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Фаъолияти бештари Шӯрои байнидавлатӣ ва Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии Тоҷикистону Афғонистон, густариши равобити марзӣ ва муборизаи муштарак ба муқобили қочоқи маводи мухаддир, вазифаи умдаи рӯз арзёбӣ гашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки имсол дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи сатҳи олии кишварҳои форсизабон доир гардад.

«Эъломи расмии таъсиси Шӯрои иқтисодии Тоҷикистону Эрон, ки иштироки Афғонистонро низ дар назар дорад ва ифтитоҳи шабакаи муштараки телевизионии кишварҳои форсизабон метавонанд аз натиҷаҳои асосии мулоқоти роҳбарони олии се кишвари форсизабон гардад», таъкид доштанд Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай.

Дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдуллоҳ Гул аз муколамаи мунтазами сиёсии роҳбарияти олии ду давлат, ки омили ҷиддии рушди муносиботи дуҷониба ба шумор меравад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Қаноатмандӣ хамчунин аз афзоиши мубодилоти молу маҳсулот байни ду кишвар изҳор гардид. Таъкид гашт, ки дар муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Туркия аз лиҳози ҳаҷми мубодилаи дуҷонибаи молӣ дар ҷои аввал меистад. Ҳаҷми он дар соли гузашта 550 милиону 505 ҳазор доллари амрикоро ташкил додааст.

Ҷиҳати густариши бештари муносиботи судбахш фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Шӯрои соҳибкорӣ зарур дониста шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон ва мубориза бо хатарҳои рӯзгори муосир табодули назар карда шуд.
Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдуллоҳ Гул даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар мулоқот бо Амири Давлати Қатар шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории байни ду кишвар, ки зимни сафарҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба давлатҳои ҳамдигар соли гузашта ба имзо расида буданд ва дигар масоили мавриди тавачҷӯҳ баррасӣ шуд.

Мусоҳибон оид ба зарурати соли равон дар Тоҷикистон доир намудани ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратию техникии ду кишвар, имкони шомил гаштани Давлати Қатар ба консортсиуми байналмилалии сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, сохтмони коргоҳи нави алюминий, ташкили истихроҷи оҳан ва дигар фулузот ва доир ба кушодани сафоратҳои мустақили ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Ба андешаи сарони ду давлат тасмимоти кишварҳои мо оид ба таъсиси хатти мустақими ҳавоӣ байни Душанбею Давҳа ва бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд ёфтани як масҷиди бузург, биноҳои истиқоматӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гӯшту шир аз ҷумлаи натиҷаҳои намоёне мебошанд, ки дар марҳилаи ибтидоии ҳамкориҳои мушаххаси иқтисодӣ татбиқ мегарданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзӯъоти саммити Созмони Конфронси Исломӣ табодули назар намуда, сатҳи баландтари ҳамбастагӣ ва ҳамгироии кишварҳои мусулмониро амри зарурӣ номиданд.

Дар қароргоҳи худ дар шаҳри Дакар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Ноиби Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Форуқ аш-Шараъ, Ноиби Президенти Ҷумҳурии (арабии) Яман Абдурраббӣ Мансур Ҳодӣ, Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Баҳрайн шайх Холид ибни Аҳмад ибни Муҳаммадро низ ба ҳузур пазируфт.

Дар сӯҳбат бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Форуқ аш-Шараъ зикр гардид, ки сафари порсолаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Димишқ оғозгари марҳалаи сифатан нав дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар гашт.

Таъкид гардид, ки имсол дар Душанбе ҷаласаи нахустини Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ доир мегардад, ки ба рушди равобити мутақобилан судбахш мусоидат хоҳад намуд.

Таъсис додани сафоратҳои мустақили ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе ва Димишқ мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор ул-Асад бо сафари расмии ҷавобӣ ба кишвари мо ташриф биёрад.

Зимни сӯҳбат бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии (арабии) Яман Абдурраббӣ Мансур Ҳодӣ оид ба робитаҳои анъанавии дӯстонаи байни ду давлат ва мардумони онҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо аз равобити густурдаи ду кишвар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг изҳори қаноатмандӣ карда, рушди ҳамкориҳои иқтисодиро матлуб арзёбӣ карданд.

Абдурраббӣ Мансур Ҳодӣ аз сатҳи касбияти табибон ва дигар мутахассисони яманӣ, ки дар Тоҷикистон таҳсили илм кардаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин таъкид дошт, ки табибону мутахассисони кишвари мо имрӯз дар Яман нақши намоён доранд.

Ҷиҳати густариши муносибатҳои минбаъда онҳо ба мувофиқа расиданд, ки то кушода гаштани сафоратхонаҳо дар кишварҳои ҳамдигар консулҳои фахрӣ аз ҳисоби шаҳрвандони муътабари онҳо таъин карда шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Даъват бо камоли қаноатмандӣ пазируфта шуд. Вақти сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян мегардад.

Дар гуфтугӯйи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Мамлакати Баҳрайн шайх Холид ибни Аҳмад ибни Муҳаммад масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфиди ду кишвар баррасӣ шуд.

Мусоҳибон таъкид доштанд, ки имрӯз фурсати муносиби эҷоди заминаи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳои пурсамар ва оғози марҳалаи сифатан нави муносибатҳои Тоҷикистону Баҳрайн фаро расидааст.

Оид ба ташкил ва густариши ҳамкориҳо дар арсаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, истихроҷи нафту газ ва сарватҳои дигари зеризаминӣ, саноати кимиё, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, туризм, татбиқи дастовардҳои илм ва технологияҳои муосир ва ширкати озоду фаъоли сармояи давлат ва ширкатҳои Баҳрайн мубодилаи судманд сурат гирифт.

Шайх Холид ибни Аҳмад ибни Муҳаммад даъват намуд, ки як гурӯҳи ваколатдори ҳукуматӣ аз Тоҷикистон баҳри омода кардани ташрифоти сатҳи олии ду кишвар ва эҷоди заминаи ҳамкории босамар моҳи апрели соли равон ба Баҳрайн сафар намояд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво тарафҳо омодагии худро баҳри рушди муносибатҳои барои ҳарду кишвар манфиатбахш таъкид намуданд.

Бо ҳамин барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Сенегал анҷом ёфт.

Қобили таъкид аст, ки зимни сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир ва иштироки пурмаҳсули ӯ дар саммити навбатии Созмони Конфронси Исломӣ дар таърихи муносибатҳои рушдёбандаи Тоҷикистон бо давлатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла кишварҳои арабию африқоӣ марҳилаи сифатан нав ибтидо гирифт.

Ба ҷараён ва натиҷаҳои сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Алҷазоир ва Сенегал аз ҷониби воситаҳои ахбори умум ва таҳлилгарони сиёсии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид.

Ба имзо расидани чор санади муҳимми ҳамкорӣ бо Алҷазоир, суханронии пурмӯҳтавою муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши навбатии Созмони Конфронси Исломӣ дар Сенегал ва анҷом додани беш аз 10 мулоқоти пурсамар бо роҳбарони аввал ва намояндагони воломақоми кишварҳою муассисаҳои бонуфузи мусулмонӣ ва ҳамчунин инъикоси васеъ пайдо намудани ин рӯйдодҳо дар васоити ахбори умумро коршиносони сиёсӣ аз зумраи натиҷаҳои сершумор ва бисёр арзишманди ин сафарҳо маънидод карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520