Нимаи дуюми рӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Турсунбой Қушатови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти имсолаи пахта оғози расмӣ бахшид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба тухмипошак нишаста, ба замин донаҳои умед кошт. Зимни шиносоӣ бо кори хоҷагӣ зикр гардид, ки шуғли асосии аҳли заҳмати он парвариши бузҳои зоти ангорӣ, боғу токпарварӣ, ва пахтакорӣ аст.
Худи ҳамин рӯз баъди оғози кор дар 7 гектар замини ин хоҷагӣ тахмии хушсифати пахтаи навъи сорбон кошта шуд.
Ҳамагӣ дар 1000 гектар замини хоҷагӣ ҳамин навъи пахта корида мешавад.
Бегоҳии рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз чанд боғҳои гулпӯши зардолу, ки дидану тамошои онҳо ба ҳар як дӯстдори замину табиат як ҷаҳону ҳаловату тароват мебахшад, боздид карда, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва дӯстдорони боғутокпарварии кишварро ба васеъ намудани майдони боғот, афзоиш додани истеҳсол ва содироти меваҳои хуштаъму бозоргири сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон ҳидоят намуд.