Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои марказӣ бахшида ба солгарди 21-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон

09.09.2012 22:00, шаҳри Душанбе

Тантанаҳои марказии бахшида ба солгарди 21-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Зимни суханронии кӯтоҳу пурмуҳтавои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро дастоварди беҳтарини миллати тоҷик дар таърихи муосири Тоҷикистон ва арзишмандтарини ҷашнҳои умумимиллии кишвар арзёбӣ намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз арзишҳои волои истиқлолият, давлатдории мустақилли миллӣ ва рушди худшиносию худогоҳии мардуми сарфарози тоҷик ёдовар шуда, ҳамагонро ба пойдору устувор гардондани дастовардҳои давлату миллат дар зарфи 21 соли рушди мустақилли Тоҷикистони азиз, ҳифзи оромию субот дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи ҳаёти озоду пурсаодат ҳидоят намуд.

Тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 21-уми Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз бо намоиши пуршукӯҳи театрикунондашуда ва базми суруду мусиқии аҳли фарҳангу санъат ва шодию сарфарозии намояндагони сершумори тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар идома ёфт.

p style=

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520