Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

06.09.2012 16:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати кишвар ба истиқболи солгарди 21-уми ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 330 нафар кормандони касбу кори гуногун бо мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои баланди низомию махсус сарфароз гардиданд.

Дар оғози маросими бошукӯҳи супурдани мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва рутбаҳои баланди низомию махсус Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кулли нафарони ба ин сарфарозӣ мушаррафгардидаро табрику таҳният гуфта, онҳо ва тамоми мардуми кишварро ба таҳкими муҳаббату самимият ва ифтихору сарфарозӣ аз истиқлоли давлатии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи дастовардҳои баланди давлату миллати тоҷик дар 21 соли рушди давлатдории мустақил, арзишҳою муқаддасоти таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи тоҷикон ва ба ҳифзи оромию осоиш, ободию зебогӣ ва пешрафту тараққиёти сарзамини бобоӣ-Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.

Зимни маросими пурифтихори мукофотсупорӣ 330 нафар аз кормандони бахшҳои маорифу тандурустӣ, илму техника, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва ҳунар, радио, телевизион ва иттилооту коммуникатсия, энергетика ва саноат, нақлиёту роҳсозӣ, ҷавонони варзишгар ва намояндагони қариб тамоми касбу кор аз сохторҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ бо мукофотҳо ва ҷоизаҳои олии давлатию, унвонҳои фахрӣ, аз ҷумла ордени Шараф дараҷаи 2, медалҳои Хизмати шоиста, Шафқат ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бахши муҳими дигари мукофотсупорӣ сарфароз гардондани афсарону сарбозони низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои баланди низомӣ буд. Аз ҷумла хизматҳои шоёни таҳсин ва корнамоию шарафмандиҳои ҳафт нафари онҳо бо рутбаҳои генерал-майор қадр карда шуд. Хизматҳои пуршарафи онҳо, ҳамчунин бо орденҳои Спитамен дараҷаи 1, Спитамен дараҷаи 2, Шараф дараҷаи 1, Шараф дараҷаи 2, медалҳои Хизмати шоиста, Шафқат, Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикитон сарфароз қадрдонӣ шуд.

Нурмуҳаммад Ниёзӣ бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон ва чор нафари дигар – Зулхумор Ибрагимова, Имомберди Мингбоев, Имомалӣ Раҳмонов ва Давлаталӣ Убайдуллоев унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дода шуд.

Ду нафар – овозхони ансамбли «Навои Бадахшон» Душанбе Палаев ва сарояндаи ансамбли тарона ва рақси «Рухшона» Гулҷеҳра Содиқова бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ба ду нафар унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва нӯҳ каси дигар унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон дода шуд.

Панҷ нафар омӯзгорон ва кормандони хизматнишондаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсуси касбӣ ва олии кишвар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2012 сарфароз гардиданд.

Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2012 ба шоир Аҳмадҷони Раҳматзод барои маҷмӯаи шеърҳои «Номаи сарво», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков барои таҳияи намоишномаи «Ишқи аввали Насриддин», Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасанов барои силсилаи сурудҳои «Домани имон, Ватанам», Маҳмадраҳим Каримов барои маҷмааи меъмории «Дарвозаи боғи Ирам», шоир Ҷӯра Ҳошимӣ барои маҷмӯаи шеърҳои кӯдаконаи «Бачаҳою кӯчаҳо» ва пажӯҳишгар ва адабиётшиноси маъруфи эронӣ, узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст барои рисолаи «Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон» дода шуд.

Ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорат Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои 30-юми олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, парчами давлатии Тоҷикистони азизро дар он ҷо парафшон намуд, бо ордени Шараф ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи Президентӣ сарфароз гардонда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520