Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон

15.12.2011 23:00, Олмон

Сафари серўзаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон, ки бо пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти ҳарду кишвар ба аҳамияти он ҷараён гирифт, басо пурсамар буд.

Аҳамияти хосаи ин сафар ва натиҷаҳои пурарзиши он, аз ҷумла аз ҷониби расонаҳои хабарию таҳлилии бешумор ва коршиносони умури минтақавию ҷаҳонӣ таъкид гардид.

Дар ҷараёни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Кристиан Вулф, Канслери федералии Олмон хонум Ангела Меркел, роҳбарияти Парлумон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқотҳо анҷом дод.

Имзои якчанд санади нави ҳамкорӣ, форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, шиносоии наздики Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкатҳои олмонии дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва мулоқоти Сарвари давлат бо тоҷикону ҳамватанони муқими ин кишвар аз натиҷаҳои пурарзиши ин сафар мебошанд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Қасри Бэлвюи маркази шаҳри Берлин баргузор гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Кристиан Вулф истиқбол гирифт.

Маросими истиқболи расмӣ бо аксгирии муштараки сарони ду давлат, имзои меҳмони олимақом дар китоби сабти меҳмонони расмӣ, саф кашидани Горди фахрии Олмон, садо додани сурудҳои миллии ҳарду давлат, гузаштан аз назди горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.

Дар вохўрии Эмомалӣ Раҳмон ва Кристиан Вулф маҷмўи васеи масоили ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамгироии минтақавию ҷаҳонии ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Олмонро «шарики дерина ва мўътамади Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» номида, изҳор дошт, ки «Олмон дар самти аврупоии сиёсати хориҷии кишвари мо мақоми хоса дорад».

Аз ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Олмон, ки дар доираи нақшаю барномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби санадҳои аврупоию байналмилалӣ амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои Афғонистон ва мусоидати муштараки Тоҷикистону Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои ислоҳи он зоҳир карда шуд.
Кристиан Вулф омодагии ҷониби Олмонро ба иштироки фаъол дар Конфронси панҷуми РЕККА – ҳамоиши минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таъкид дошт.

«Олмон ҳамчунин аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмонии ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон.
Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба таъкид доштанд.
Ҷанбаҳои гуногуни муносиботи бисёрарсаи Тоҷикистону Олмон дар мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Канслери Ҷумҳурии Федералии Олмон хонум Ангела Меркел баррасӣ шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ангела Меркел барои даъвати расмӣ ва меҳмоннавозии самимӣ арзи сипос намуда, аз ҳамшарикии ду кишвар, ки ба меъёрҳои пазируфташудаи баробарҳуқуқӣ, хайрхоҳӣ, эҳтироми мутақобила ва риояи манфиатҳои якдигар асос ёфтааст, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Он ки муносибатҳои ду кишвар имрўз ба сатҳи “ҳамкорӣ ба хотири таъмини рушди устувор” расидаанд, боиси қаноатмандии ҳарду ҷониб маънидод шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои мунтазами сиёсӣ ва ҳамкории зичи иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, тандурустӣ, маориф ва ҳамчунин ба ҳамгироии амниятӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд.

Бо ишора ба тақвият ёфтани заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар изҳорири ҷум боварӣ карда шуд, ки иштироки Олмон дар рушди соҳаҳои саноати маъданҳои кўҳӣ, сабук, хўрокворӣ, химиявӣ, коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва ҳамчунин соҳаҳои молия, бонкдорӣ, қарздиҳии хурд ба соҳибкорон ва туризм дар Тоҷикистон тавсиа меёбад.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон ба мисли энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ аз самтҳои ояндадори рушди муносиботи ҳасанаи ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки нақши Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон – ПАТРИП, ки бо дастгирии ҷониби Олмон таҳия ва қабул шудааст, дар ин раванд намоён хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон барои татбиқи лоиҳаи ба роҳ мондани идораи оқилонаи захираҳои обии фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ арзи қадрдонӣ намуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба таҳкими демократия, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар мавзўоти мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар гуфтугў сурат гирифт.
Зимни нишасти матбуотӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон хонум Ангела Меркел ба масоили рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи робитаҳо таъкид доштанд.

Ба таъкиди Ангела Меркел, Олмон омода аст, ки ба Тоҷикистон барои татбиқи амалии имкону захираҳои фарохи иқтисодиаш, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва дигар арсаҳои афзалиятдори иқтисоди миллӣ кўмаки фаъол расонад.

Тавре зикр гардид, барои беҳсозии фазои сармоягузории Тоҷикистон низ тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд, то ки соҳибкорони хусусии Олмон ҳам васеъ ҷалб карда шаванд.

Тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Олмон дар мулоқоти Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филип Рёслер баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми маблағҳои аз ҷониби Олмон ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равонагардида дар 15 соли охир ба зиёда аз 130 миллион евро расидааст.

ҳарду ҷониб ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар со?а?ои саноати сабук, х?роквор?, коркарди захира?ои минерал? ва маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин рушди туризми эколог? ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

Сипас дар ҳузури Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер, ки ҳамчунин раиси ҳизби лебералӣ-демократӣ ва яке аз пешвоёни сиёсии ин кишвар аст, 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баёнияи якҷоя оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Федералии Олмон;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии «Dena» -и Олмон;
Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федералии Олмон оид ба ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ширкату корхонаҳои гуногуни Ҷумҳурии Федеролии Олмон низ мулоқоти басо судманд анҷом дод.
ҳадафи асосии мулоқот муаррифии имкону захираҳои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҷалби сармояи ширкату корхонаҳои олмонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак буд.

Дар оғози мулоқот миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан лоиҳаҳои сершумори сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвари моро муаррифӣ намуда, ҳавасмандии ҷиддии роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва соҳибкорони хусусии Олмонро бедор намуд.

Раиси Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Райнер Линднер ва Роҳбари Агентии энергетикии ин кишвар Штефан Колер изҳор доштанд, ки барои рушди ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон омодаанд аз сухан ба амал гузаранд.

Штефан Колер бо ишора ба имзо шудани санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика изҳор дошт «Агентии энергетикии Олмон аз ҷумлаи он созмонҳое нест, ки санадҳои имзошударо пайгирӣ накунад». Ў таъкид дошт, ки ба наздикӣ бо ҳайати бонуфузе ба Тоҷикистон омада, барои оғоз ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика тасмимгирӣ мекунанд.

ҳамин гуна таваҷҷуҳ, ҳамчунин ба соҳаҳои коркарди маъданҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, рушди туризми кўҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт зоҳир карда шуд.

Зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Гурўҳи вакилони Бундестаги (Парлумони федеролии) Олмон масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Вакилони Бундестаги Олмон нақши Тоҷикистонро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, хусусан барои мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоишта ва иқтисодиёти Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, ҳавасмандии роҳбарияти кишвари худро ба рушди бештари ҳамкорӣ таъкид намуданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба иштирок дар татбиқи амалии имкону захираҳои иқтисодии Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи энергетикаи барқӣ ва интиқоли нерўи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар ба Афғонистону Покистон зоҳир карда шуд.

Дар шаҳри Берлин бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ифтитоҳ ёфт.

Зимни боздид аён гардид, ки бинои сафорат дорои шароити зарурии кори пурсамар барои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аст.

Бо қаноатмандӣ аз шароити муҳайёшуда, изҳори боварӣ карда шуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва ҳам Сафорати Олмон дар Душанбе барои иҷрои нияту нақшаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои дўстиву ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд минбаъд низ ҷаҳду талош мекунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ёдовар шуд, ки Олмон нахустин кишвари Аврупо буд, ки сафораташ дар Душанбе ифтито? ёфт ва Тоҷикистон ҳам миёни кишварҳои ин қитъаи олам сафорати аввалини худро дар ҳамин кишвар боз намуда буд.

Дар шаҳри Берлин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва донишҷўёни тоҷики муқими Олмон мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз дастовардҳои намоёни Тоҷикистони навин дар замони истиқлолияти давлатӣ, ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон ва ба рушди ҳамкории фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва ҳам иқтисодӣ даъват намуд.

Аз донишҷўёни тоҷик даъват карда шуд, ки аз имконоти фарохи донишандўзӣ дар Олмон, ки аз пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон аст, ба хубӣ истифода намуда, мутахассисони хуб шаванд ва оянда ба халқу Ватани худ хизмати шоиста кунанд.

Аз намояндагии ҷамъияти Тоҷикистону Олмон, ки зиёда аз 100 нафар тоҷику тоҷикистонии муқими ин кишварро фаро гирифтааст ва олимони аврупоии тоҷикшинос даъват карда шуд, ки соли оянда ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар таҷлили навбатии ҷашни байналмилалии Наврўз ширкат варзанд.

Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар аз олимони машҳур – профессор Манфред Лоренс, профессори Донишгоҳи ҳумруки Берлин Лутс Жеҳак ва устоди забони форсии Донишгоҳи дигари Берлин Ғулом Ҷелонии Доварӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон – Ордени Дўстӣ сарфароз гардонда шуданд.

Сипас профессор Манфред Лоренс китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» - ро, ки ба тозагӣ дар Берлин бо забони олмонӣ тарҷума ва нашр гардидааст, ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.

Тавре зикр гардид, кунун барои мардуми Олмон, ки ба фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон ва имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистони навин таваҷҷуҳи хос доранд, имкони нав ба миён омад, ки бо таърихи мухтасари ин миллати куҳантамаддун бо забони модарии худ шиносоии бештар пайдо кунанд.
Дар мулоқот, ҳамчунин доктор ғулом ҷелонии Доварӣ ва ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Лайло Шарипова суханронӣ намуда, доир ба густариши робитаҳо ва рушди ҳамкории судманд пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштанд. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки дар Аврупо як Пажўҳишгоҳи илмии тоҷикшиносӣ ва як шабакаи байналмилалӣ бо номи Садои Тоҷикон таъсис дода шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти мулоқот изҳор дошт, ки ин ва дигар пешниҳодҳои судбахш мавриди омўзишу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт ва изҳори боварӣ намуд, ки сафари расмии ў ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва мулоқотҳои сершумораш ба рушди муносиботи ду кишвар ва боло бурдани нуфузи ҳамзабонону ҳамватанони мо, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд, такони ҷиддӣ мебахшад.

Зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба ширкатии олмонии Сименс ташриф оварда, бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои он аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ширкати Сименс дар зиёда аз 190 кишвари ҷаҳон фаъолият дошта, асосан барои соҳаҳои мошинсозӣ, киштисозӣ, ҳавопаймосозӣ, энергетика, тандурустӣ, компютерсозӣ ва ғайра техникаю таҷҳизот истеҳсол мекунад.

Бо таваҷҷуҳи зиёд ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти соҳаи энергетика, аз ҷумла доир ба истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, ченкунӣ ва назорати истифодаи нерўи барқ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки намояндагии минтақавии ин ширкат дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёбад.
Чунонки аён гардид, роҳбарияти ширкати Сименс ҳам бо назардошти имконоти фарохи Тоҷикистон дар соҳаи энергетикаи барқӣ маҳз дар ин соҳа азми ташкил ва густариши ҳамкорӣ доранд.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи Боши ширкати Сименс ташриф оварда, бо фаъолияти он низ шиносоии наздик пайдо намуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона дорои шуҳрати ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техника барои корхонаҳои саноатӣ, таҷҳизоти механикӣ, электронӣ ва барқӣ барои соҳаҳои мошинсозӣ, алоқа ва ғайра мебошад.

Ин корхона яке аз пештозони ҷаҳонӣ доир ба истеҳсоли техникаю таҷҳизоти барқию электронӣ барои рўзгор, аз ҷумла яхдон, дарзмол, мошинҳои либосшўӣ, чангкаш ва ғайра мебошад.

Роҳбарияти ин корхона ҳам доир ба рушди ҳамкорӣ бо минтақаи Осиёи Марказӣ аз тариқи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд.
Дар шаҳри Берлин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз боғи ботаникии он дидан карда, олимону мутахассисони варзидаи ин соҳаро, ки фаъолияти пурсамари илмию амалӣ доранд, ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон даъват намуд.

Тавре аён гардид, олимону мутахассисони боғи ботаникии Берлин бо хусусиятҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистон ошноӣ доранд, аз ҷумла тавассути китобҳои сершумори биологии худ доир ба кишвари мо ва ҳамкории босамар бо олимони тоҷик.

Аз натиҷаҳои сафари серўзаи пурмаҳсули Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон бори дигар ёдовар шуда, таъкид бояд дошт, ки он бо пазироии гарму самимии мизбонон ҷараён гирифта, бо натиҷаҳои умедбахш барои рушди ояндаи муносиботи дўстӣ ва ҳамкории пурсамар барои ҳарду ҷониб ба поён расид.

Натиҷаҳои асосии ин сафар, албатта мулоқотҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти федералии Олмон Кристиан Вулф, Канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон хонум Ангела Меркел, роҳбарияти Парлумон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар мулоқотҳо анҷом дод.

Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, энергетика, гелогияву кўҳкорӣ ва сармоягузорӣ, форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар, шиносоии наздики Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкатҳои олмонии дорои нуфузи ҷаҳонӣ, ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва мулоқоти Сарвари давлат бо тоҷикону ҳамватанони муқими ин кишвар аз натиҷаҳои пурарзиши ин сафар мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520