Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз иёлати Карнатакаи Ҷумҳурии Ҳиндустон

04.09.2012 14:00, Ҳиндустон

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази иёлати Карнатакаи Ҷумҳурии Ҳиндустон шаҳри Бангалор ташриф оварда, аз чанд корхонаи технологии он дидан кард ва бо Губернатори иёлат Хансраҷ Бҳарваҷ мулоқот намуд.

Зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсолии ширкатҳои HAL ва Infosys Technologies Limited, аз ҷумла аён гардид, ки дар воқеъ Бангалор шаҳри дорои тараққиёти хуби иқтисодию техникӣ буда, ба манзури пешрафтҳои босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва навовариҳояш “Водии силикон” ном гирифтааст.

Дар мулоқот бо Губернатори иёлати Карнатака масоили ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин минтақаи рушдкардаи Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, истеҳсоли маводи электронӣ, телекоммуникатсионӣ, шоҳибофӣ ва дар соҳаҳои биотехнология, кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои донагӣ ва ороишӣ, гулпарварӣ ва ашёи хоми шоҳӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷалби васеи соҳибкорони хусусӣ ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафтаи илму техника ва технологияҳои муосир матлуб дониста шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520