Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович

10.06.2024 16:10, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович 10.06.2024

10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свияновичро ба ҳузур пазируфтанд.

“Ташрифи Шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба Тоҷикистон боз як далели дастгириҳои доимии давлати Шумо аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим арзёбӣ менамоям” изҳор доштанд дар оғози мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили тағйирёбии иқлим, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳалли масоили об ва дигар мушкилоти глобалии сайёраро баррасӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки мулоқоти имрӯза ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди кишварҳо такони тоза хоҳад бахшид.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ муҳокима гардид. 

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории кишварҳо дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва таҳкими минбаъдаи ин равандро муҳим донистанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520