Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

19.03.2012 22:00, Россия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа сарони ҳамаи давлатҳои аъзои иттиҳод – Беларус, Руссия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва давлатҳои нозир – Арманистон, Молдова ва Украина иштирок доштанд.

Мавзӯи асосии ҳамоиш баррасии принсипҳои бунёдии лоиҳаи Шартнома доир ба бозсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё худ таъсиси як созмони нав дар заминаи он буд. Аз ин хотир ин ҳамоиш ва мавзӯи асосии он дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ раванди муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои фазои пасошӯравиро мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон таъкид дошт: «ба андешаи мо, тағйироти чунин миқёс бояд тавассути муҳокимаи васеъ бо ҷалби доираҳои коршиносии ҳамаи кишварҳои аъзо ворид карда шаванд ва ин, албатта, вақти зиёдро талаб мекунад». Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор намуд, ки зимни дигаргунсозиҳои оянда тартиботи судманди дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалкунанда бояд нигоҳ дошта шаванд.

Сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки масъалаи дигаргунсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди омӯзишу баррасии васеъ қарор дода шавад.
Муҳокимаи масоили вобаста ба оғози фаъолияти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки 1 феврали соли равон таъсис ёфта буд, низ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш буд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ҳамоиш ва қарорҳои дар он қабулшуда ба раванди мутаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои аъзои иттиҳод такон мебахшад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520