Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сарвари мухолифин дар Парлумони Ҳиндустон Сушма Свараҷ

03.09.2012 18:10, Ҳиндустон

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Деҳлӣ Сарвари мухолифин дар Лок Сабҳа (Палатаи мардумӣ) - Палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Ҳиндустон, намояндаи Ҳизби Мардумии Ҳиндустон дар Парлумон Сушма Свараҷро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот, асосан масоили вобаста ба робитаҳои миёнипарлумонии ду кишвар, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, тақвияти равандҳои демократӣ ва таъмини волоияти қонун баррасӣ гардид.

“Ҳиндустон барои мо на танҳо намунаи пешрафти босуръати иқтисодӣ, балки ҳамчун кишвари дорои анъанаҳои ғании демократӣ ҷозибанок аст”- изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сушма Свараҷ низ дар навбати худ ба фаъолияти Парлумони дупалатагии Тоҷикистон, рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҷрибаи омӯхтании сулҳсозии кишвари мо таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Ҳарду ҷониб омодагии худро ба густариши ҳамкорӣ дар ин самтҳо таъкид доштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520