Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар» дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара

24.05.2024 12:10, ноҳияи Данғара
Ба истифода додани коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар» дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара 24.05.2024

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез коргоҳи истеҳсолии «Мушки Модар»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки сохтмони коргоҳи  «Мушки Модар» дар масоҳати умумии 30 садяк замин моҳи марти соли 2023 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ оғоз гардида, моҳи майи соли равон ба анҷом расидааст.

Дар коргоҳи истеҳсолӣ таҷҳизоти муосир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, раванди истеҳсолот бо навтарин технология иҷро карда мешавад.

Коргоҳи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар фазои мусоиди соҳибкорӣ  бунёд гардидааст.

Дар коргоҳи мазкур дар деҳаи  Ғарғараи ноҳияи Данғара зиёда аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Коргоҳи мазкур дар як рӯз имкон дорад, ки беш аз 2 тонна маҳсулоти гуногун, аз ҷумла собун ва дигар намуди моеи зарфшӯӣ истеҳсол намояд.

Маҳсулоти коргоҳ ивазкунандаи воридот буда, дар шароити деҳот иқдоми наҷибу созанда ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти коргоҳи навбунёди деҳаи Ғарғара баҳои баланд дода, ба соҳибкорону кормандон ҷиҳати зиёд гардонидани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти ватанӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520