Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои Мактаб-интернат дар ноҳияи Данғара

24.05.2024 12:00, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи бинои Мактаб-интернат дар ноҳияи Данғара 24.05.2024

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Мактаб-интернатро ифтитоҳ карданд.

Иншооти муосир аз ду ошёна иборат буда, барои зиёда аз 600 таълимгиранда пешбинӣ карда шудааст.

Муассисаи таълимӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳ, китобхона ва толори хониш иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи ятимон натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ояндаи ин қишри ояндасози Ватан арзёбӣ карданд.

Бинои замонавии Мактаб-интернат бо ҷалби сармояи хориҷӣ, аз муассисаҳои мададрасони арабӣ ва саҳмгузории фаъолонаи гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст.

Иншооти иҷтимоӣ дорои маҷлисгоҳ бо 266 ҷойи нишаст, ошхона, бунгоҳи тиббӣ ва толори варзишии барҳаво мебошад. Хонандагон метавонанд дар баробари омӯзиши дарс дар синфхонаҳои таълими меҳнат ҳунарҳои гуногун аз худ намоянд.  

Татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, ки шароит барои таълиму тарбияи насли наврас пурра ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ шавад.

Ҳамчунин муассиса дорои хобгоҳи замонавӣ барои 200 нафар мебошад. Дар ҳар ҳуҷра барои зисти наврасон ва омода кардани дарсҳо имконияти замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Инчунин таълимгирандагон метавонанд дар хобгоҳ аз китобхона ва толори барҳаво барои мутолиа истифода намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорону наврасонро барои истифодаи муфид аз шароити муосири фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои дақиқ, донистани забонҳои хориҷӣ ва оянда ҳамчун кадрҳои лаёқатманди хештаншинос хизмат кардан ба нафъи давлату миллат вазифадор намуданд.  

Майдончаи футбол, боғи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, майсазор, роҳравҳои сафолакпӯш ва чароғҳои равшанидиҳанда атрофи муассисаро зебою назаррабо гардонидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520