Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

03.09.2012 17:00, Ҳиндустон

Мулоқоти судманди дигар доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайатҳои Федератсияи Палатаи савдо ва саноат, Конфедератсияи саноат ва Маркази Ассотсиатсияи савдо ва саноати Ҳиндустон сурат гирифт.

Ба имзо расидани боз 6 санади муҳими дигар миёни сохторҳои масъули давлатии Тоҷикистон бо ширкатҳои гуногуни давлатию хусусии Ҳиндустон бозгӯ аз ҳавасмандии амиқи ду ҷониб ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд мебошад.

Ҳамин тариқ 4 санади муҳими ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкатҳои Khoday groop, ширкати таҷҳизоти барқии BHELL, Gemfields, Chadha Power, Ёддошти тафоҳум миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди байналмилалии Ҳиндустону Осиёи Марказӣ ICAF ва Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҳиндустонии “Ходай груп” (Khoday groop) оид ба ҳамкории илмию техникӣ ба имзо расид.

Ҳамин тариқ шумораи санадҳои нави имрӯз имзошуда ба 12 адад расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520