Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон

03.09.2012 15:20, Ҳиндустон

Субҳи имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ ва Сарвазири кишвар Манмоҳан Сингҳ истиқбол гирифта, пас аз аксбардории якҷоя меҳмони олимақомро ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом аз назди сафи горд, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҳиндустон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.

Сипас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтироми хоса ба арзишҳои миллию таърихӣ ва фарҳангии Ҳиндустон дар назди муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гулчанбар монда, дар китоби сабти меҳмонони олимақоми ба ин ҷо ташрифоварда соядаст гузошт.

Масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ баррасӣ шуд.

Муҳокимаи масоили ҳалталаб нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ ва сипас дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду кишвар сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори хушӣ аз муколамаи сиёсии созанда дар сатҳи олии ду кишвар таъкид дошт, ки “таҳкими пайгиронаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҳиндустон ҷузъи муҳим ва усулии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар самти Осиё мебошад”.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, ҷаҳонгардӣ ва саноат, хусусан дар самтҳои иктишоф ва коркарди маъданҳо, кимиё, дорусозӣ ва истеҳсоли маводи сохтмон таъйид намуданд.

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва табодули дӯстонаи миёни созмонҳои ҷавонон дорои дурнамои хуб мебошад.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба ҳамкории амниятӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Ҳиндустон, авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон Манмоҳан Сингҳро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Сипас дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишнома миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некуаҳволии оилаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва тиб;

Созишнома миёни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ ва меҳнат;

Барномаи табодул миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бофандагии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ;

Барномаи ҳамкории миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2013-2015;

Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва ҷавонон.

Зимни изҳороти матбуотӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Манмоҳан Сингҳ ба натиҷаи мулоқоту музокироти расмӣ баҳои баланд дода, дурнамои рушди муносиботи ду кишварро дар ояндаи наздик умедбахш номиданд.

Манмоҳан Сингҳ, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Тоҷикистон шарики калидии Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ аст”. “Мо ба қарор омадем, ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ бароварда шаванд”, - таъкид дошт Сарвазири Ҳиндустон. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки “Ҳиндустон аз талошҳои Тоҷикистон барои ҳамроҳшавӣ ба Созмони ҷаҳонии савдо дастгирӣ мекунад”.

Тибқи изҳороти сарони давлатҳо, ду ҷониб ба қарор омааданд, ки бурсияҳои таҳсилотии Ҳиндустон барои донишҷӯёни тоҷик аз 100 ба 150 адад расонда шаванд. Таъсиси маркази татбиқи технологияҳои гуногуни муосири Ҳиндустон дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои муҳим барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории судманди ду кишвар номида шуд.

Таъкид гардид, ки барои робитаҳои мустақими нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи оҳан низ ҳарду кишвар талош хоҳанд кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520