Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Губернатори иёлaти Гоа Бҳарат Вир Ванчу

02.09.2012 12:00, Ҳиндустон

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон аз иёлати Гоаи ин давлат оғоз ёфт.

Дар ин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд ва меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.

Зимни мулоқот бо Губернатори иёлати Гоа Бҳарат Вир Ванчу масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Ҳиндустон, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии он қарор дорад, баррасӣ шуд.

Бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ ва ҳамрешагии забонҳои тоҷикию ҳиндӣ ва ҳамчунин имкону захираҳои фаровони ташкил ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳарду ҷониб ба тавсиаи робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, табодули таҷриба дар соҳаи ҷаҳонгардӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи илмию фарҳангӣ зоҳир карда шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520