Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе

01.09.2012 09:30, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои боҳашамати Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Мактаби байналмилалии президентӣ, ки бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 1100 нафар хонандаи хушлаёқат пешбинӣ шудааст, ташриф оварда, онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Чунонки аён гардид, ин мактаби боҳашамат аз биноҳои таълимӣ, толори бузурги маҷлисӣ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳи калон барои намудҳои гуногун, ду хобгоҳи алоҳида барои духтарону писарон бо 1100 ҷойи хоб, хонаҳои истиқоматӣ барои омӯзгорон ва дигар биноҳои ёрирасон иборат аст.

Зимни суҳбат бо аҳли мактаб ва масъулини соҳаи маориф, аз ҷумла зикр гардид, ки ба ин муассисаи бонуфузи таълимӣ ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандагон танҳо аз роҳи озмун пазируфта мешаванд. Забони асосии таълим дар ин мактаб англисӣ мебошад, аз ин хотир ҳамаи нафароне, ки дар ин ҷо кору таҳсил мекунанд, бояд донандагони хуби ин забон бошанд. Албатта дарсҳои забону адабиёти тоҷик ва таърихи Тоҷикистон бо тоҷикӣ ва русию дигар забонҳо мутаносибан бо ҳамин забонҳо ба роҳ монда мешаванд.

Барои дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани дарсҳо беҳтарин омӯзгорон аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб карда мешаванд.

Тавре аён гардид, синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои фаннии биноҳои таълимӣ бо навтарин дастовардҳои ҷаҳонии соҳа, аз ҷумла компютеру тахтаҳои электронӣ, дастгоҳҳои техникии озмоишӣ ва ҳунаромӯзии писарону духтарон муҷаҳҳаз гардидааст. Барномаҳои таълимӣ дар заминаи санадҳои Донишгоҳҳои Кембриҷу Окфорд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд, бо назардошти ниёзҳо ва арзишҳои миллии Тоҷикистон таҳия ва қабул гардидаанд.

Бо ҳамин гуна шароити муосир, ҳамчунин толорҳои маҷлисӣ, ошхонаи мактабӣ, толорҳои бузурги варзишӣ, ки барои намудҳои гуногуни варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, тенниси калон пешбинӣ шудаанд, варзишгоҳи калон, ошхонаҳои омӯзгорону хонандагон ва ғайра муҷаҳҳаз мебошанд.

Ду бинои алоҳидаи хобгоҳ, ки яке барои писарон ва дувумӣ барои писарон пешбинӣ шудааст, метавонад то 1100 нафар хонандагонро фаро бигирад.

Як бинои истиқоматӣ барои омӯзгорон бунёд ёфтааст, ки дорои 28 хонаи як ва дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити зисти доимӣ мебошанд.

Зимни сухаронӣ дар толори бузургу бошукуҳи мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли ин ва дигар муассисаҳои таълимӣ ва ҳамчунин ҳамаи мардуми кишварро бо оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи Дониш табрику таҳният гуфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тадбирҳои бесобиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, аз ҷумла сохтмону навсозии муассисаҳои муосири таҳсилотӣ ва муҳайёсозии беҳтарин шароити таълиму тарбия дар онҳо насли навраси кишварро ба омӯзиши амиқи илму дониш ва техникаю технологияҳои зуд рушдёбанда ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520