Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбаев

31.08.2012 17:10

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Отамбаев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович,

Аз самими қалб Шумо ва ҳамаи халқи Қирғизистонро бо солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон табрик менамоям.

Тоҷикистон ният дорад баҳри истифодаи иқтидори ғании муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои мо, ки робитаи онҳо решаҳои амиқи таърихиро дорост, тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ диҳад.

Ман аминам, ки ҳамкории байни давлатҳои мо минбаъд низ ба манфиатҳои халқҳои мо дар роҳи сулҳу субот ва пешравӣ ба таври рӯзафзун рушд меёбад.

Бо истифода аз ин фурсати муҳим ба Шумо, мӯҳтарам Алмазбек Шаршенович, саломативу комёбиҳо ва ба халқи дӯсти қирғиз сулҳу беҳбудӣ таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520