Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба вилояти Суғд

20.03.2008 11:00, шаҳри Хуҷанд

Рӯзҳои 20 –ум ва 21-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳи намояндагони аҳли зиёи мамлакат ва ҳамсару фарзандонаш барои иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявии бахшида ба иди Наврӯз ва оғоз бахшидани корҳои нави ободонию созандагӣ дар вилояти Суғд қарор дошт.

Кӯчаю хиёбонҳо ва ҳамаи маҳалҳои истиқоматию маъмурии шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов ва кулли манотиқи дигари вилояти Суғд ба истиқболи Наврӯзи фархундапай ва ба пешвози Сарвари фарҳангдӯсти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабои идона ба бар дошт.

Дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва аҳли ҷамоатчигии вилоят дар фазои пурфараҳи наврӯзӣ, ки бо шукӯҳу шаҳоматихосса ва арҷгузорӣ ба суннатҳои пурғановати ниёгон омода гашта буд, истиқбол гирифтанд.

Мардуми шукргузор аз фазои орому осуда ва рушду нумуъи босуботи кишвар ҷиҳати истиқболи шоиста аз сарвару пешво ва раҳнамою ҳидояткори худ ва Наврӯзи фархундапай дар худи фурӯдгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯришу шириниҳои наврӯзӣ, аз қабили суманак ва базми дилнишини рақсу сурудҳои идона ороста буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми ба истиқбол баромадаро бо фарорасии Наврӯзи Аҷам муборакбод гуфта, ба онҳо рӯзгори пурсаодату осуда ва пешрафту шукуфоӣ таманно мекард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520