Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабинии наврӯзии шаҳри Душанбе

22.03.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар боғи марказии ботаникии Тоҷикистон идома ёфт.

Чанд рӯз боз боғи марказии ботаникии Тоҷикистон, ки давоми як соли охир таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон умри дубора пайдо намуда, ободу зебо мегардад, қабои идона ба бар дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамсар ва аҳли оилаи худ ба ин наврӯзгоҳи муаттар ташриф оварда, ба он шукӯҳи шоҳона зам намуданд. Сокинону меҳмонон ва аҳли ҳунари пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки чун сарвару пешвои фарҳангпарвари давлати навини соҳибистиқлоли мо ва чун раҳбари ғамхору дилсӯзи мардуми кишвар мавриди меҳру муҳаббат ва эҳтирому самимият қарор дорад, гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии шодбошии худ мардуми кишварро бори дигар самимона табрик гуфта, барояшон бахту саодат, хонаободӣ ва рӯзгори хушу осуда орзу намуд ва ҷашни Наврӯзро ёдгори барҷаста ва бошукӯҳи зиндамондаи мардуми ориёинажод арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки он собиқаи беш аз панҷҳазорсола дорад ва яке аз ҷашнҳои бисёр куҳани ҷаҳон ба шумор меравад.

Дар суханронии пурмӯҳтавои имрӯзаи худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавсифномаи мукаммали ин иди бостонии ниёгони моро ба таври мухтасару мушаххас баён намуда, таъкид дошт, ки Наврӯз - Шоҳномаи шаҳриёрони миллат, «Ёдгори Зарирон»-и ҷовидона, дарахти ҳамешасабзи «Ассурик», ҷашни Ҷамшед, «Корномаи Ардашер», «Пандномаи Анӯшервон», «Андарзномаи Бузургмеҳр», «Ганҷи шойгон»- и «Занду Позанд», сарчашмаи мусаффои «Минӯи хирад», замзамаи навоҳои борбадии «Наврӯзи Бузург», «Боғи Шаҳриёр», «Партави Фархор», «Сабз андар сабз», «Кини Сиёвуш», «Сарвистон» ва таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст.

Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бошукӯҳи наврӯзӣ бо намоиши театрикунондашудаи ҳунармандони шинохтаи театру кино ва базми дилфиреби рақсу сурудҳои тозаю гуворо идома ёфт.

Базми фарҳангии наврӯзӣ, ки бо завқу салиқаи баланди ҳунармандони соҳибистеъдоди тоҷик, бо арҷгузории онҳо ба суннатҳои волои ниёгон ва бо ифтихору қадрдонӣ аз соҳибдавлатии миллӣ омода гашта буд, аз ҷониби Сарвари фарҳангдӯсту фарҳангшиноси Тоҷикистони азиз Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифт.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилаи худ, намояндагони зиёди парлумону ҳукумати кишвар ва корпуси дипломатии муқими Душанбе ба сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ҳамроҳ шуда, намоишгоҳи пуршукӯҳи ҳунарҳои мардумиро бо анбӯҳи беканори мардум тамошо намуданд.

Сайру гашти оммавии имрӯза ва базми дилнишини наврӯзӣ бори дигар собит намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвари раиятпарвару посдори фарҳанги пурғановати гузаштагон ва миллати тоҷик аз ҷумлаи қавму миллатҳои озодаманишу тамаддунсози олам аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520