Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшан

10.04.2024 11:15, шаҳри Истаравшан
Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшан 10.04.2024

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд.

Ин макони истироҳату фароғат дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани шароити лозима барои сайру гашт ва  истироҳати сокинон, машғулиятҳо ба кӯдакону наврасон дар масоҳати 2,4 гектар замин ба маблағи 4,5 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шуда, ба маркази шаҳри Истаравшан зебоии дигар бахшид.

Корҳои сохтмонӣ соли 2023 бо фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан оғоз ёфта, аз ҷониби бинокорони Ташкилоти ҷамъиятии клуби “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар давоми 2 сол сохта шуда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Тибқи нақшаи генералӣ дар ҳудуди боғ муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шудааст, ки баландии он 12  метр мебошад.

Барои истироҳату фароғати хушу хотирмони сокинон ва меҳмонону сайёҳон роҳравҳои васеъ, гулгаштҳои зебо, нишастгоҳҳо, сӯҳбаткадаҳо ва барои дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва машғулияти кӯдакон ҷойҳои махсус ташкил ва таҷҳизоти варзишӣ насб карда шудааст, ки макони истироҳату бозии кӯдакон, машқу тамрини наврасону ҷавонон ва солимгардонию тарбияи бадан барои сокинон мебошад. Дар шомгоҳон намои боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, 70 адад сутунпояҳо бо дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам мекунанд.

Гирду атрофи боғи фарҳангӣ панҷарабандӣ гардида, дарвозаи даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.

Дар мавзеъҳои гуногуни боғи фарҳангӣ 1000 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои бешумори мавсимӣ шинонида шуда, масоҳати пурраи замин майсазор карда шудааст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври қатрагӣ обрасонӣ шуда, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидааст.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Истаравшанро ҷойи истироҳату фароғат ва нишонаи арҷу эҳтиром ба давлатдории тоҷикон маънидод кардан мумкин аст.

Сокинони шаҳри Истаравшан бунёди чунин макони зебои фарҳангию фароғатиро боз як иқдоми созанда ва шаҳодати вусъати бунёдкориҳо дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, шарофати сулҳу суботи ҷомеа ва ҳадафҳои созанда арзёбӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520