Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан

10.04.2024 11:12, шаҳри Истаравшан
Ифтитоҳи бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан 10.04.2024

10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан дар маҳаллаи Равғангарон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо тарҳу сохти меъмории муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст ва масоҳати умумии замини он 0,21 гектарро дар бар мегирад.

Бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти “Гули сурх” дорои 15 ҳуҷраи барҳавои корӣ, толорҳои маҷлисиву ақди никоҳ, ошхона, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Иншоот дар идомаи татбиқи сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар бо маблағгузории соҳибкорони ватандӯст ва ҷалби сокинони маҳаллӣ ба тариқи ҳашар дар асоси тавсияву маслиҳати мутахассисон сохта шудааст.

Тамоми ҳуҷраҳои кории кормандон бо таҷҳизоту технологияи муосир, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таъмин карда шуда, дорои шароити хуби фаъолияту хизматрасонӣ мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида барои кормандони мақомоти худидоракунии маҳал дар бинои нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

Бинои нави маъмурӣ аз зумраи татбиқи бандҳои нақша – чорабинии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти “Гули сурх” мебошад.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан ба истиқболи ин ҷашни бузургу фархундаи миллӣ бунёду таъмир ва навсозии беш аз 100 иншоот дар самту соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай 54 адади онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Атрофи иншоот дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда ободу зебо карда шуда, шабона чароғҳои гуногун дар 13 сутунпоя равшанамоии мавзеъро таъмин менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Ҷамоати деҳоти “Гули сурх”-и шаҳри Истаравшан ифтитоҳи бинои нави маъмуриро туҳфаи арзишманд барояшон номида, онҳоро барои беҳтар намудани сифати кору хизматрасонӣ, баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинон, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва иҷрои босамари барномаҳои гуногуни давлатӣ ҳидоят намуданд.  

Ёдовар мешавем, ки “Гули сурх” аз калонтарин ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Истаравшан буда, дорои 17 деҳа ва зиёда аз 50 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520