Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

18.03.2024 06:30, шаҳри Душанбе

18 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

 Шуморо дар робита ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи президентӣ самимона табрик менамоям.

Натиҷаҳои овоздиҳии доиргардида боз як далели возеҳи тасдиқи обрӯву эътибори баланди сиёсии Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Русия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатиатон ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи байналмилалии он мебошад.  

Мо ба густариши бемайлони шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонии Тоҷикистону Русия аҳаммияти пайваста медиҳем.

Саҳми назарраси Шуморо дар таҳкими тамоми маҷмӯи муносиботи давлатҳоямон қадр мекунем.

Омодаем, ки якҷо бо Шумо дар оянда низ ҷиҳати ба сатҳи баланди нав баровардани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ба нафъи мардумонамон талошҳои муштарак ба харҷ диҳем.

Сидқан ба Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, сиҳатмандии комил ва дар татбиқи нақшаҳое, ки дар роҳи некӯаҳволӣ ва шукуфоии Русияи бародар муайян кардаед, комёбиҳои нави барҷаста орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520