Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

13.03.2024 09:30, шаҳри Душанбе
Оғози сохтмони бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.03.2024

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, толори хурд бо 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳад шуд.

Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон, 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кушоду барҳавои корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Таҳхонаи бино барои таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва муассисаҳои нашриётии зертобеи вазорат пешбинӣ шудааст.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои хуштарҳу замонавӣ тамоми раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар муассисаҳои зертобеи вазорат дар як бинои маъмурӣ ҷойгир карда мешаванд.

Оғози сохтмони бинои зебову муҳташами Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди бахши мазкур пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Вазорати фарҳанг барои истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ дар иншоот ва дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520