Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

05.03.2024 10:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навин дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон самимона табрик гуфтанд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистонро баррасӣ карданд.

Дар ин зимн ҷараёни устувори рушду тавсеаи маҷмӯи муносибатҳои шарикии ду давлат бар пояи анъанаҳои неки дерина, усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод таъкид гардид.

Ба ин манзур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти хоссаи идомаи муколамаи байнидавлатии ду кишварро таъкид карда, аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Дар фарҷоми суҳбат Сарвари давлати мо ба Покистони дӯст ва мардуми шарифи он сулҳу амонӣ, некрӯзӣ ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520