ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 29 феврали соли 2024 №123
ш. Душанбе
Дар бораи директори Институти зоология ва паразитологияи
ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон таъин намудани Қадамзода Д.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қадамзода Дилшод Саттор директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон