АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо мақсади таъмини иҷрои Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҷиҳати рӯёндани ду ҳосил аз заминҳои обӣ ва истифодаи самараноки заминҳо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати 20 рӯз масоҳати кишти асосиро дар заминҳои обӣ вобаста ба намуди зироатҳои кишоварзӣ, майдонҳои барои кишти такрории зироатҳо ҷудошаванда вобаста ба намуд (ҷуворимакка, офтобпараст, мош, сабзавот, полезӣ, картошка), ҳар хоҷагӣ, новобаста аз шакли моликияташон муайян ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии кушодаи холдингии «Барқи Тоҷик», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавсим ҷиҳати таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифат барои кишти асосӣ ва такрорӣ, оби обёрӣ ва барқ чораҳои зарурӣ андешанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон
ш.Душанбе
05 апрели соли 2008
№ АП-573