Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи Кулли СММ бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола

20.09.2010 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҷаноби Олӣ,
Раиси мўҳтарам,
Хонумҳо ва ҷанобон,

Даҳ сол пеш мо дар ҳамин толор Эъломияи ҳазорсоларо қабул кардем, ки он чун санади асосӣ самти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонро дар ибтидои асри нав муайян намуд. Аҳамияти калидии Эъломия дар он ифода меёбад, ки маҷмўи ҳадафҳо ва вазифаҳои амалии ба таъмини рушди ҳар фард равонашуда эҳтиёҷот ва ҳифзи гурўҳҳои нисбатан осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кўдаконро дарбар мегирад, ки тақдири ояндаи ҷаҳон ба ихтиёри онҳо вогузошта хоҳад шуд.

Имрўз, баъди сипарӣ шудани даҳ сол на танҳо баррасии пешрафтҳои ба дастомада ва ошкор намудани камбудиҳо дар амалӣ сохтани ҳадафҳои Рушди дар Эъломияи ҳазорсола ифодаёфта, балки муқаррар намудани тадбирҳо ва иқдомоти мушаххас ҷиҳати тезонидани суръати иҷрои саривақтӣ ва пурраи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола аҳамияти фавқулодда муҳим дорад. Ин амр дар марҳалаи ҳозира, вақте ки ҷараёни пешрафти ноустувору нобаробар бар асари бўҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва молиявию иқтисодӣ халадор мегардад, аҳамияти махсусан муҳим пайдо мекунад.

Тағйир ёфтани иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ки сол то сол шадидтар мегарданд, имрўз дар назди мо вазифаҳои нав ба нави мураккабро мегузоранд. Иҷрои онҳо бе саъйи муштарак ва талоши якҷояи ҷомеаи ҷаҳонӣ ғайриимкон мебошад. Дар ҳолати мавҷудияти ин зуҳурот ва таҳдиду хатарҳои нави замони ҳозира, ки иртиботот ва вобастагии мутақобиларо тақвият медиҳанд, мо тезонидани суръати иҷрои вазифаю ўҳдадориҳои дастаҷамъии дар оғози ҳазорсолаи нав ба зиммагирифтаамонро зарур мешуморем.

Тоҷикистон дар бобати ба даст овардани Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола аз ҷумлаи ҳашт мамлакати озмоишӣ (пилотӣ) ба шумор меравад.
Вобаста ба ин, дар мамлакати мо Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 қабул карда шудааст. Барномаи мазкур ҳуҷҷати асосии стратегӣ буда, афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати давлатро муайян менамояд, ки ба рушди устувори иқтисодӣ, осонгардонии дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона шудааст.

Ғайр аз ин, тамоми назарияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди мамлакат, фаъолияти тамоми мақомоти идораи давлатӣ, аз ҷумла Барномаи сеюми миёнамўҳлати стратегии кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар давраи солҳои 2010-2012 аз Стратегияи миллии рушд сарчашма мегиранд.
Дар натиҷаи амалӣ сохтани тадбирҳои пешбининамудаи барнома аллакай имрўз ба мо муяссар шудааст, ки сатҳи камбизоатиро то андозае паст намоем.

Айни ҳол тақрибан нисфи буҷети давлатии мамлакат ба соҳаҳои иҷтимоӣ, асосан ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ сарф карда мешавад. Дар баробари ин, зикр карданиам, ки имкониятҳои маблағгузории давлатии соҳаҳои иҷтимоӣ бо ҳаҷми афзоиши иқтисодиёти воқеии мамлакат маҳдуд аст.

Ҳукумати Тоҷикистон имрўз на танҳо барои то ҳадди имкон кам кардани оқибатҳои ногувори онҳо ва роҳ надодан ба камшавии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, балки барои комилан истифода бурдани шароиту имкониятҳои мавҷудаи таъмини пешрафти иқтисодиёт тадбирҳои иловагӣ меандешад. Ин ба вусъат бахшидани имкониятҳои маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои муқаррарии иҷтимоӣ ва дар ниҳояти кор барои ноил шудан ба тамоми Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола мусоидат хоҳад кард.

Дар натиҷа, масалан, васеътар фаро гирифтани кўдакон бо таҳсили ибтидоиву миёна ва ба таври назаррас беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ таъмин карда шуд.

Дар баробари сафарбар намудани захираҳои дохилӣ барои суръатбахшии иҷрои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ташаккули муҳити мусоиди байналмилалӣ барои таъмини рушди устувор нақши калидӣ мебозад.

Хусусан дар давраи ҳозира, вақте ки оқибатҳои бўҳрони шадиди ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ҳанўз пурра бартараф карда нашудаанд, зарурати тезонидани ҷараёни ислоҳоти низоми молиявии байналмилалӣ боқӣ мемонад.

Зарур аст, ки ислоҳоти низоми байналхалқии молиявӣ на танҳо ба мустаҳкам намудани худи низом, балки барои эҳёи тиҷорат ва сармоягузории ҷаҳонӣ ва нерўи тоза бахшидан ба онҳо мусоидат намояд, зеро ҳам тиҷорат ва ҳам сармоягузории байналмилалӣ шарти асосии пешрафти иқтисодиёти ҷаҳон ва бештар бо кор таъмин кардани одамон мебошанд. Тадбирҳои зикршуда набояд бори вазнини қарзи берунии мамлакатҳоро сангинтар гардонанд, зеро он мисли пештара яке аз монеаҳои ҷиддии роҳи пешрафт мебошад.

Омили асосии тезонидани суръати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таъмини дастрасии ҳар фард ба энергия буда метавонад. Мо пешниҳод мекунем, ки ба ин вазифа дар баробари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола афзалият дода шавад. Дар робита ба ин, мо пешниҳодро дар бобати таъмини дастрасии ҳамаҷониба ба хизматрасониҳои муосири энергетикӣ то соли 2030 дастгирӣ менамоем.

Дар ин замина зарур мешуморем, ки баробари таъмини дастрасии боэътимоду босубот ба энергия ба афзун гардонидани ҳиссаи энергияи барқароршаванда дар миқёси ҷаҳон, мавриди истифода қарор додани технологияҳои наву пешқадам ва афзун гардонидани самаранокии истифодаи энергия ҳамаҷониба мусоидат карда шавад.

Рушди ҳамаҷонибаи соҳаи гидроэнергетика бо истифодаи имконияти навъҳои дигари энергияи барқароршаванда - қувваи шамол ва офтоб имкон хоҳад дод, ки на танҳо имкониятҳои мо барои дастрасӣ ба энергия бештар гардонида шаванд, балки ба фаъолияти самарабахшу босуботи шабакаҳои энергетикӣ ва хеле кам кардани партовҳои зарарнок ба ҳаво мусоидат намоянд.

Ин аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ба даст овардани ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ва то ҳадди имкон кам кардани оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим мебошад.

Кишвари мо аз рўи нишондиҳандаи партови газҳо, агар дар дунё дар байни 213 кишвар ҷои 105-ум бошад, дар Осиёи Марказӣ ҷои охиринро ишғол менамояд ва ин ба шарофати истифодаи манбаи барқароршавандаи энергия – об аст.

Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, имрўз барои рушди ҳамаҷонибаи ин соҳа кўшиш ба харҷ медиҳад. Дар мамлакат теъдоди зиёди нерўгоҳҳои барқи обии хурду миёна ва калон бунёд карда мешаванд, ки на танҳо аҳамияти энергетикӣ доранд, балки барои қонеъ гардонидани талаботи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ дар соҳаи обёрӣ нақши муҳим мебозанд.

Об неъмати бебаҳо ва ҳаётан муҳим мебошад, ки тамоми ҳадафҳои Рушди ҳазорсоларо ба ҳам мепайвандад. Имрўз дар шароити шиддат гирифтани проблемаи нарасидани об ва тағйир ёфтани иқлим, ки ба захираҳои оби тоза таъсири манфӣ мерасонад, масъалаи таъминоти аҳолӣ бо об ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт, ки ба об вобаста мебошанд, торафт ҷиддитар мегардад.

Тамоми ин ва дигар проблемаҳои мавҷудаи вобаста ба захираҳои оби тоза аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни конфронси байналмилалии бахшида ба таҳлили миёнамўҳлати ҷараёни иҷрои тадбирҳои Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҳамаҷониба ва фаъолона баррасӣ гардиданд.

Конфронси мазкур бо ташаббуси Тоҷикистон 8-10 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар Эъломияи Душанбе, ки онро намояндагони бештар аз 75 мамлакати ҷаҳон ҷонибдорӣ карданд, силсилаи тавсияҳое инъикос ёфтанд, ки моро ба:

- таҳияи сиёсати самарабахш ва ҷудо кардани маблағҳои кофии буҷет барои соҳаи об;

- тадриҷан ва муттасил амалӣ сохтани идораи дастаҷамъии захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳо;

- бештар зоҳир намудани таваҷҷўҳ ба проблемаҳои таъмини дастрасӣ ба оби тоза ва шароити асосии санитарӣ;

- андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим;

- беҳтар сохтани низоми омўзиши вазъияти пиряхҳо ва захираҳои оби тоза;

- андешидани тадбирҳои бештар ҳамоҳангшуда аз тарафи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои ҳалли якҷояи масъалаҳои марбут ба об дар нақшаҳои миллӣ ва барномаҳои рушд;

- ҷалби бештари занон ба қабули қарорҳо дар соҳаи захираҳои об;

- афзун гардонидани маблағгузорӣ ва вусъати ҳамкорӣ, аз ҷумла тақвияти дипломатия дар соҳаи истифодаи оқилонаи об даъват менамоянд.

Мо бар онем, ки тавсияҳои мазкур барои амалӣ сохтани нақшаи тадбирҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то соли 2015 саҳми арзанда хоҳанд буд.

Бояд зикр кард, ки имрўз дар ҷаҳон зуҳуроти наве мушоҳида мешавад, ки таваҷҷўҳи ҳамаҷониба ва доимии ҷомеаи ҷаҳонро талаб менамояд. Масалан, тўли солҳои охир фарқияти пешрафти иқтисодиёти давлатҳои мутараққӣ ва рў ба инкишоф торафт меафзояд ва ин ба ҷараёни ҳамкорӣ ва ҳамгироии мамлакатҳо монеъ мегардад.

Бинобар ин, тадбирҳое андешидан зарур аст, ки ҳамёрии мамлакатҳои ҷаҳонро бо мақсади муттаҳид сохтани талоши ҳамаи онҳо тақвият бахшида тавонанд.

Дар хотима мехостам зикр намоям, ки даҳ сол пеш ҳадафҳои дар Эъломияи ҳазорсола ифодаёфта ҳамаи моро барои ба даст овардани онҳо ташвиқ менамуданд.

Имрўз дар арафаи панҷ соли охири барои расидан ба ин ҳадафҳо ҷудокардашуда итминон дорам, ки Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ноилшавандаанд ва мо барои иҷрои ин кор бояд тадбирҳои муштараки таъхирнопазир ва муассир андешем.

Ташаккур

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520