Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия

21.02.2024 17:57, Русия
Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия 21.02.2024

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон меҳмони олиқадр - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки зимни сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” иштирок намуда, бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва роҳбарияти Ҷумҳурии Тотористон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Дар вохӯриҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар ва минтақаҳои онҳо баррасӣ ҳоҳад шуд.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520