Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Шурои Аврупо Шарл Мишел

13.02.2024 18:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шурои Аврупо муҳтарам Шарл Мишел баргузор гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн, Сарвари давлати мо аз аҳамияти таҳкими минбаъдаи муколама миёни ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ ва иқтисодиву тиҷоратӣ ёдовар шуданд.

Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба соҳаи амният, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон ва таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистонро матраҳ карданд. Дар робита ба ин, изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ дар доираи чунин барномаҳо, ба монанди БОМКА, КАДАП ва ЛЕЙКА минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

 Президенти Тоҷикистон ҷонибдории худро аз ҳамкории бештар фаъол дар татбиқи сиёсати “иқтисоди сабз” ва “энергетикаи сабз” иброз доштанд.

Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории босамари минбаъда дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ва таҳкими муколамаи созандаи ду минтақа аз рӯйи доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ изҳори умед намуда, оид ба ҷадвали тамосҳои оянда табодули афкор анҷом доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520