Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

08.02.2024 12:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев баргузор шуд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат бо таманниёти саломатӣ, некуаҳволӣ ва комёбиҳои нави бузург дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Илҳом Алиевро бо натиҷаҳои муваффақи интихоботи президентӣ ва аз нав интихоб шудан ба мақоми олии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона табрик намуданд.

Ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуданд. Ҷараёни устувори рушду тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои байнидавлатӣ ва тамоми маҷмуи ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат зикр карда шуд.

Дар ин замина президентҳо ба идома додани муколамаи фаъоли сиёсӣ ва кори муштарак дар самти таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманди Тоҷикистону Озарбойҷон ва ғанӣ гардонидани он бо мазмуни нави амалӣ омодагии худро таъкид доштанд.

Доир ба барномаи тамосҳои ояндаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи тарафҳо табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар анҷоми суҳбат Сарвари давлати мо ба мардуми бародари Озарбойҷон сулҳу субот ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520