Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт
таъин намудани Идизода З.Ф.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Идизода Зарина Фузайлшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№748

 

 

ИДИЗОДА Зарина Фузайлшо

аз   соли 2020   дар  мансаби  Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт  кор мекард.

Соли таваллуд   2  майи соли 1979          Ҷои таваллуд   ноҳияи Рашт

Миллат   тоҷик                                         Таҳсилот   олӣ

Соли  2000 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи  Садриддин Айниро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос   забон ва адабиёти тоҷик

Унвони илмӣ    надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не   не

Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Вазъи оилавӣ   оиладор

 

Кор  ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои  2000-2009-  

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ноҳияи Рашт

Солҳои  2009-2013- 

Сардори шуъбаи тарбияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт                  

Солҳои  2013-2015-

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт                  

Солҳои 2015-2016-

Сармутахассиси Маркази сифати таҳсилоти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Солҳои 2016-2017-

Мудири кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Солҳои 2017-2019

Мудири маорифи ноҳияи Рашт

Солҳои 2019-2020

Муовини Раиси ноҳияи Рашт

Солҳои 2020-2022

Муовини якуми Раиси ноҳияи Рашт

 

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520