Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод
таъин намудани Каримзода М.Т.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Каримзода Мансур Тағой иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Файзобод таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№747

 

 

КАРИМЗОДА Мансур Тағой

аз  15 феврали соли 2022 дар мансаби  муовини Раиси шаҳри Ваҳдат кор мекард.

Соли таваллуд    23 декабри соли 1981       Ҷои таваллуд  ноҳияи Файзобод

Миллат   тоҷик                                         Таҳсилот  Олӣ                                   

Соли 2005 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос    муҳандис-технолог

Унвони илмӣ    номзади илмҳои кишоварзӣ

Кадом забонҳои хориxиро медонад          русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ аст ё не   вакили Маxлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод аз солҳои 2015-2020 ва 2020-2025 

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Хизмати Шоиста»

Вазъи оилавӣ       оиладор, соҳиби 2 фарзанд

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2005 – 2008

Асистенти кафедраи «Технологияи коркарди маҳсулоти чорво» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе

Солҳои 2008 – 2011  

Омӯзгори кафедраи «Технологияи коркарди маҳсулоти чорво» дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе

Солҳои 2011 – 2013

Асперанти бахши рӯзонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе

Солҳои 2013 – 2017

Омӯзгори калони кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорво дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Душанбе

Солҳои 2017 – 2021

Муовини якуми Раиси ноҳияи Файзобод

аз  феврали соли 2022
то
30 январи соли 2024

Муовини Раиси шаҳри Ваҳдат

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520