Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон
таъин намудани Абдуллозода Т.М.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Абдуллозода Тағой Маҳкам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№746

 

АБДУЛЛОЗОДА  Тағой Махкам

аз 2 марти соли 2021  дар мансаби   муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон  кор мекард.

Соли таваллуд  6 августи соли 1976            Ҷои таваллуд  ноҳияи Ёвон

Миллат  тоҷик                                                 Таҳсилот олӣ

соли  1998   Донишгоҳи  аграрии Тоҷикистон (рӯзона), соли 2006 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистонро (ғоибона)   хатм кардааст

Ихтисос    зоотехник, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ    надорад             

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не    вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не   не

Вазъи оилавӣ   оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1998-2001

Зотпарвари хоҷагии С.Ҷумаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Солҳои 2001-2002

Ҷонишини роҳбари хоҷагии С.Ҷумаеви ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Соли 2002 (07-11)

Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят

Солҳои 2002-2005

Сармутахассиси шуъбаи комплекси агросаноатии вилоят

Солҳои 2005-2012

Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят

Солҳои 2012-2013

Сардори филиали Муассисаҳои давлатии Трести чарогоҳу мелиоративии минтақаи Бохтар

Соли 2013 (03-08)

Зоотехники хоҷагии деҳқонии фермерии «Бобои Абдулло» ноҳияи Ҷ.Балхӣ

Солҳои  2013-2014

Мутахассиси пешбари хадамоти назорати давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2015

Мутахассиси шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2015-2018

Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Солҳои 2018-2021

Муовини якуми раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ

аз марти   соли 2021 то ҳол

Муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520