Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
таъин намудани Сафарзода Д.Ҷ.



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сафарзода Даврон Ҷурахон ректори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№737

 

 

Сафарзода Даврон Ҷурахон

аз августи соли 2020 дар вазифаи ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Соли таваллуд 6 ноябри соли 1982               Ҷойи таваллуд шаҳри Кӯлоб

Миллат              тоҷик                                     Таҳсилот           олӣ

соли 2006 Донишгоҳи давлатии Кӯлобро (рӯзона) хатм кардааст

Ихтисос: педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ

Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аз 04.09.2020, №2050

Вазъи оилавӣ оиладор 

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 2001-2006-

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Солҳои 2006-2010-

Ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Солҳои 2010-2012-

И.в. ҷонишини декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Соли 2012 (11-12)-

Мутахассиси пешбари шуъбаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Солҳои 2012-2013-

И.в. сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Солҳои 2013-2017-

Ассистенти кафедраи педагогика ва методикаи  таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Солҳои 2017-2019-

Сардори шуъбаи таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2019-2020-

Сардори раёсати таълими Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2020-(05-08)-

Сардори раёсати таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз августи  соли 2020
то
30 январи соли 2024

Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520