Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 29 январи соли 2024 №23
ш. Душанбе

Дар бораи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Файзиддинзода Б.



Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Файзиддинзода Бунафша раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

 

 

ФАЙЗИДДИНЗОДА  Бунафша

 

аз 29 январи соли 2024 дар мансаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад

Соли таваллуд   25 июли соли 1976    Ҷои таваллуд   ноҳияи Данғара

  Миллат     тоҷик                                    Таҳсилот   олӣ

Соли 1999 Донишкадаи давлатии забонҳои Точикистонро (рӯзона), соли   2012 магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  хатм намудааст

Ихтисос    омӯзгори фанни забони русӣ ва  олмонӣ

Кадом забонҳои хориҷиро медонад     русӣ, олмонӣ

Вакили халқ ҳаст ё не         нест

Бо мукофотхои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не        не

Кор ва фаъолияти собиқа:

 

Солҳои 1999-2001-

 

омӯзгори мактаби миёнаи №95 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 2001-2006-

мутахассиси дараҷаи I  шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2007-  

сармутахассиси шуъбаи сохтмон, нақлиёт ва алоқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои  шаҳри Душанбе

Соли 2007( 04-09)                   

мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе          

Солҳои 2007-2009-   

мутахассиси пешбари шуъбаи савдо, хизмати маишӣ ва рушди соҳибкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2011-

мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 2011-2012-

таҳсил дар курси магистратураи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2012-2016

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Солҳои 2016-2017

Сармутахассиси Раёсати кор бо идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Солҳои 2017-2021

Муовини Раиси ноҳияи Данғара

11.2021 то 03.2022

иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон  

аз  марти соли 2022
то 29 январи соли 2024

Раиси шаҳри Леваканти вилояти Хатлон  

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520