Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Украина Виктор Янукович

24.08.2012 16:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Виктор Янукович барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:

Мӯҳтарам Виктор Фёдорович,

Ба муносибати солгарди иди миллии Украина - Рӯзи истиқлолият табрикоти самимонаамро бо қаноатмандии зиёд ба Шумо ва ҳамаи халқи Украина ирсол медорам.

Тоҷикистон ба рушди устувори ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Украина аҳамияти бузург дода, ҷонибдори минбаъд ба он бахшидани мазмуни мушаххас аст.

Мо аминем, ки ҳамкориамонро, ки дар анъанаҳои мустаҳками дустӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид қарор дорад, бо саъю кӯшишҳои муштарак таҳким мебахшем. Бовар дорам, ки муносибатҳои байни ҳарду халқу давлатҳоямон ба принсипҳои баробарҳуқуқӣ ва назардошти манофеи ҷонибайн такя карда, пайгирона рушду густариш ёфта ва бахшҳои нав ба навро фаро мегиранд.

Иҷозат фармоед ба Шумо, мӯҳтарам Виктор Фёдорович, тансиҳатии бардавом ва комрониҳо ва ба халқи бародари Украина беҳбудӣ ва шукуфоии минбаъдаро орзу намоям.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520